Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 ширкат хоҳад кард. Ин бозӣ аз 3 то 27-уми ноябр дар Қатар мегузарад.
Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, ҳайати ниҳоии дастаро барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон-2025 эълон кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи кишвар 21 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар – аз тимҳои наврасони ҷумҳурӣ дохил шуданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қаҳрамонии ҷаҳон-2025:
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов, Муҳаммадраҳим Раҳмонов, Анушервон Қурбонзода (ҳама аз "Душанбе");
Ҳимоятгарон: Мустафо Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев (ҳарду аз "Истиқлол"), Абдусамад Меликмуродов ("Сардор"), Меҳроҷиддин Розиқов ("Душанбе"), Шуҳрат Нурматов (Академияи ФФТ), Садриддин Сатторов ("Вахш"), Саидҷон Хоҷаев ("Равшан");
Нимҳимоятгарон: Меҳрубон Одилзода, Парвиз Бобоназаров, Рамазон Бахталиев (ҳарсе аз "Истиқлол"), Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Ибрҳимзода (ҳарсе аз "Душанбе"), Ҳайдаршо Худойдодов ("Эсхата"), Мунаввар Анварзод (Академияи ФФТ);
Ҳамлагарон: Муҳаммад Назриев ("Истиқлол"), Назрулло Ашурализода ("Душанбе"), Асадбек Махтумов ("Эсхата").
Футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар гурӯҳи "I" 5-уми ноябр бо тими Ҷумҳурии Чех, 8-уми ноябр бо мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 11-уми ноябр бо дастаи Буркина-Фасо бозӣ мекунанд.
Бар асоси қуръакашӣ 48 даста ба 12 гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи пешсаф мустақиман ба даври баъдӣ роҳ меёбад, инчунин дастаи мавқеъи сеюм бо беҳтарин натиҷа аз гурӯҳ боло хоҳад рафт.