Киев Маскавро ба "терроризми ҳастаӣ" муттаҳам кард

Нерӯгоҳи "Ривне" дар Украина.

Ҳукумати Украина ва бархе мақомҳои байналмилалӣ ҳамлаҳои Русия ба бахшҳои энержии ғайринизомии Украинаро маҳкум карданд.

Киев ҳамчунин Маскавро бинобар ҳамла ба зерсохтҳои таъмини барқи таъсисоти ҳастаии Украина ба "терроризми ҳастаӣ" муттаҳам кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Украина рӯзи 31 октябр эълон кард, "ҳамлаҳои барқасдона ба таъсисоти энержии ғайринизомӣ, ки мустақиман бар кори бехатари нерӯгоҳҳои ҳастаӣ таъсир мегузорад, нишонаи терроризм ҳастаиро дорад ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ба шумор меравад".

Ин вазорат ба баёнияи ду рӯз пешини Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ ишора кард, ки ҳушдор дода буд, ҳамлаҳои низомӣ боиси осеб ба зерсохтҳое шудаанд, ки барои амнияти ҳастаии Украина муҳиманд.

Оҷонси назоратии СММ гузориш дод, ки ҳодисаҳое дар наздикии нерӯгоҳи ҳастаии "Украинаи ҷанубӣ" ва "Хмелнитский" боис шудааст, ки дастрасии ин таъсисот ба хатҳои барқ қатъ шавад.

Дар баёнияи Оҷонс ҳамчунин омадааст, ки нерӯгоҳи савум бо номи "Ривне" маҷбур шудааст тавони ду реактор аз чаҳор реакторашро бинобар ин ҳамлаҳо коҳиш диҳад.

Рафаэл Гросси, раиси Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ гуфт, "хатарҳо барои бехатарии ҳастаӣ ҳамчунон бисёр воқеӣ ва доимӣ аст. Бори дигар хостори хештандорӣ аз ҳамлаҳои низомӣ дар атрофи таъсисоти ҳастаӣ ҳастем".

Ҳамзамон бо ин рӯйдодҳо, "Гурӯҳи 7" (Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Бритониё ва Амрико) рӯзи 31 октябр дар баёнияи муштарак "ҷанги Русия алайҳи Украина ва таъсири он ба амнияти энержӣ"-ро маҳкум кард.