Пас аз 13 соли заношӯӣ Сайёра дар дуроҳа мондааст. Мегӯяд, дигар тоқати таҳқиру душномро надорад ва дар фикри ҷудо шудан аст. Ҳарчанд бо чор фарзанд гирифтани чунин тасмим барояш осон нест.
Сайёра дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфт:
“Ҷангу ҷанҷолҳо мекардем, ҳамаашро паси сар кардаму гуфтам, зиндагӣ аст, тоқат мекунам, ки нашуд дигар. Падару модарамро дашномҳои безеб мекунад. Фарзандҳоямро ҳам. Аҳамият надиҳам, намешавад, то чанде сахт мерасад суханҳои қабеҳаш. 13 сол шуд зиндагӣ дорем, муносибаташ фақат дашному ҳақорат.”
Зарангези Наврӯзшоҳ, хабарнигори Радиои Озодӣ бо Сайёра мусоҳиба мекунад
Шавҳари ин зан дар яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе ароба мекашад. Сайёра ҳам барои пешбурди зиндагӣ дар беморхонае кор мекунад, аммо шавҳар зидди кор кардани ӯст. Мегӯяд, ҳарчанд мушту лагад намехӯрад, аммо зери фишори равонӣ қарор дорад ва аз ин ҳама хаста шудааст.
Барои машварат ва кӯмак вай ба Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиат намуд. Ба ӯ дар он ҷо машварат доданд, ки барои ҷудо шудан шитоб накунад. “Гуфтанд, "рав, фикр кун, хулосаатро барор, дар варақ навис, баъд биё", гуфтанд".
Мисли ин зан дар ду моҳи ахир ба утоқи боварии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон тақрибан 250 нафар муроҷиат кардаанд. Ин утоқ дар доираи барномаи пешгирии зӯроварӣ дар оила бо телефони боварӣ таъмин шудааст.
Кумита моҳи сентябр бо ирсоли паёмак ба телефони сокинон аз онҳо даъват кард, ки дар ҳолати дучор шудан ба хушунату зӯроварӣ ба рақами 221-40-30 тамос гиранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Телефони боварӣ барои ҷилавгирӣ аз хушунат дар оилаҳои Тоҷикистон
Як ҳадафи ирсоли рақами боварӣ ба телефонҳо пешгирӣ аз паёмадҳои фоҷеабори зӯроварӣ дар хонаводаҳост. Маҳбуба Азимова, масъули утоқи боварии Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд:
“Ҳадаф дар он аст, ки ҷабрдидаҳо дар ҳолати вазнинтарин метавонанд муроҷиат кунанд, ёрӣ пурсад. Метавонанд дар вақте ки як низои оилавӣ сар зад, зуд муроҷиат кунанд. Медонед, ки аз як низои хурд низои калон бармехезад. Шояд ин сабаби пешгирӣ шавад.”
Ба гуфтаи ин масъул кори онҳо фақат аз сӯҳбату машварат иборат набуда, дар ҳолати зарурӣ баъди қабули занг намояндагони дигар мақомот, аз ҷумла нозири минтақавӣ ба ҳалли мушкил ҷалб хоҳанд шуд.
Маҳбуба Азимова дар бораи шеваи кори мутахассисон гуфт:
“Аз рӯйи муроҷиат ва масъала корбарӣ карда мешавад, вақте масъала бузург аст ва вай ба ёрӣ эҳтиёҷ дорад, мо шахсонеро мефиристем, ки ба ҳамон кор дахолат карда метавонад, пешгирӣ мекунанд ва то ҳатто ба манфиати оила ва шахси ҷабрдида кор мекунад.”
Ирсоли рақами боварӣ ба телефонҳои сокинон дар ҳолест, ки мавзӯи зӯроварӣ ва озори лафзӣ дар оилаҳо дар Тоҷикистон ҳамоно доғ боқӣ мемонад ва пайваста расонаӣ шудани хабарҳо дар бораи латукӯб ё куштори занон бо дасти ҳамсаронашон ё баръакс ин масъаларо боз ҳам ҷиддитар кардааст.
Аммо тавре баъзе аз ҷабрдидаҳо мегӯянд, на ҳамеша дар ҳолати зарурӣ ва муроҷиат аз сӯйи Кумита ё созмонҳои кор бо занон ҳимоя меёбанд. Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ба зангҳо дар рақами боварии Кумитаи сари вақт посух дода намешавад. Зулайхо Усмонова, як донишманд ва муҳаққиқи масоили гендерӣ аст. Ӯ мегӯяд, талоши даъвати сокинон барои муроҷиат ҳангоми зӯроварӣ хуб аст, аммо чандон самарабахш нест.
Зулайхо Усмонова, ки дар бораи мушкилоти баробарии ҷинсӣ дар Тоҷикистон китобе ҳам чоп кардааст, мегӯяд:
Зулайхо Усмонова мавзӯи баробарии ҷинсиро дар Тоҷикистон таҳқиқ кардааст
“Ин иқдом то як андоза метавонад дар ин кор кӯмак расонад, чун одамҳо ба ҳар ҳол иттилоъ доранд, ки метавонанд ба фалон рақам занг зада, шикоят кунанд. Ин хуб аст, аммо якумаш ин, ки на ҳама ва занҳо махсусан метавонанд бовар карда занг зананд ва дигар ин, ки он ҷо вақташ муайян - аз, масалан, соати 8 то 6-и бегоҳ метавонанд занг зананд, вале аксаран хушунат бегоҳ рух медиҳад. Барои ҳамин ин камтар ноқулай аст.”
Кормандони Кумитаи занон мегӯянд, дар оянда рақами боварӣ барои ҷабрдидаҳои хушунат 24 соат фаъол хоҳад буд.
Вале нигароние, ки коршиносони СММ ҳам ба он таъкид кардаанд, ин аст, ки дар тақрибан 75 дар сади ҳолатҳо занони ҷабрдида лаб боз намекунанд ё барои кумак муроҷиат намекунанд.
Коршиносон ҳам мегӯянд, бо ин андеша, ки “гапи хона набояд ба берун бароварда шавад”, мардум ва махсусан занон аз шикоят худдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи ҷомеашинос Зулайхо Усмонова, ин андеша бояд тағйир дода шавад ва зарур аст, ки тамоми ҷомеа даст ба кор шаваду бо ҷалби рӯҳониёну таҳияи наворҳои махсус ба мардум расонида шавад, ки хушунат ва зӯроварӣ манъ аст.