Онгуна, ки интизор мерафт, пас аз ба анҷом расидани мӯҳлати қонунигардонии муҳоҷирон дар рӯзи 10-уми сентябр, мақомоти Русия ба рейдҳои сартосарии пур аз хушунат даст задаанд.
Пештар мақомоти Русия гуфта буданд, ки беш аз 700 ҳазор муҳоҷир дар ин кишвар санади дуруст барои ҳузур дар ин кишварро надоранд ва агар то 10-уми сентябр санадҳояшон аз нав таҳия нашаванд, аз кишвар ихроҷ мешаванд.
Ин қарорро бисёре аз огоҳон як баҳонае барои саркуби бештари муҳоҷирон аз ҷониби Русия донистанд, ки зоҳиран тоза шурӯъ шудааст.
Шаби 17 сентябр дар назди як идораи полисе дар Маскав бисёриҳо саҳнаеро шоҳид шуданд, ки муҳоҷирони даст ба пушти ҳамро мебаранд. Корбарони Радиои Озодӣ, ки ин сабтҳоро фиристоданд, мегӯянд, навор шаби чоршанбе дар канори истгоҳи метро ва кӯчаи Скоблевскаи Маскав сабт шудааст.
Пулиси Маскав дар ин рӯз дар чанд макони кору зисти муҳоҷирон тафтиш анҷом дода, садҳо нафарро боздошт ва ба идораи пулис бурдааст. Муҳоҷирон мегӯянд, сарфи назар аз он ки онҳо иҷозаи кор ё санади буду бош доштанд ё не, ба қароргоҳи пулис бурда шуданд ва то ҳол сарнавишташон рӯшан нест.
Айнан чунин як рейде дар як хобгоҳи муҳоҷирон дар назди метрои Строгинои Маскав субҳи барвақти 18 сентябр аз ҷониби ходимони ОМОН ё дастаи таъиноти махсуси Русия ҳам анҷом шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мавҷи нави боздошту азияти муҳоҷирон дар Маскав
Муҳоҷироне, ки бо Радиои Озодӣ тамос гирифтанд, мегӯянд, аз миёни онҳо ҳудудан дусад нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Рейд соати 5-и субҳ шурӯъ шуда, кормандони ОМОН бо шеваи бад бо муҳоҷирон бархурд карда, онҳоро таҳқир кардаанд.
Корбарон мегӯянд, ки ин гурӯҳи муҳоҷирон санади кору зиндагӣ доранд, вале маълум нест, сарнавишташон чӣ хоҳад шуд.
Мақомоти Русия расман дар ин бора хабар надоданд, вале пештар гуфта буданд, ки муҳоҷирони бесанадро депорт мекунанд.
Дар садои як корбар шунида мешавад, ки мегӯяд: "Тоҷик беқадр буд, боз беқадртар шудааст дар мулки Русия. Касе ба додамон намерасад, безор шудем аз ҷонмон”.
Дар фурудгоҳи "Внуково" ҳам гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро нагузоштаанд вориди Русия шаванд. Корбаре, ки наворро фиристод, гуфт, даҳ нафарро нагузоштанд ба Маскав роҳ ёбанд.
Русия макони аслии корҷӯи барои садҳо ҳазор шаҳрвандони бекори Тоҷикистон аст. Ҳоло Русия фишору маҳдудият ба муҳоҷиронро афзоиш додааст ва дигар ин кишвар макони амни корӣ барои муҳоҷирон дониста намешавад.