Ӯ, ки рӯзи 18-уми октябр ба Душанбе омад, ҳанӯз ба сайру саёҳат ва намоишкорӣ идома медиҳад. Айни замон гуфтугуҳо дар бораи мушкилоту нороҳатие, ки рӯзи 19-уми октябр дар пайи ташкили пойгаи вай барои сокинон эҷод шуд, идома доранд.
Рӯзе, ки роҳи Душанбе-Чаноқро барои ташкили чорабинии Тамаев бастанд, Гулчеҳра Раҳимова ҳамроҳи писари маъюбаш аз Панҷакент барои табобат ба пойтахт меомад. Дар минтақаи Ҳушёрии дараи Варзоб дармонд ва намедонист, ки чаро роҳ баста аст.
Гулчеҳра Раҳимова, сокини шаҳри Панҷакент: “Асабонӣ ҳам шудам, аз мошин поён шудам. Ду-се касро мепурсам, сабаб чӣ бошад, ки роҳҳоро бастаанд. Хеле интизорӣ кашидем. Аз имконоти обу дору, дигар чизҳое ки буд, ба Сайёдам кумак кардем. Хуллас хеле тӯлонӣ шуд. Ҳарчанд мо як соат онҷо дар мондем, дар назари ман мисли як сол буд. Чун модар ҳастам, азияти фарзандам барои ман хеле-хеле мушкил буд.”
Писари 26-солаи Гулчеҳра омоси мағзи сар дорад ва дасту пойи росташ аз кор мондаанд. Ба гуфтаи Гулчеҳра, соате, ки дар роҳ дармонданд, вазъи писараш бадтар шуд. Вай афзуд, агар медонист, ки роҳро мебанданд, он рӯз ба роҳ намебаромад.
Пойгаи блогер Асҳоб Тамаев, ки зиндагии муҷаллали худро намоиш медиҳад рӯзи 19-уми октябр дар канори шаҳри Душанбе баргузор шуд. Як қисми чорабинии дигар, ки барои ин блогер ташкил шуда буд, дар ҳудуди “Кӯли Душанбе”, дар роҳи Душанбе-Чаноқ сурат гирифт. Барои ҳамин роҳро бастанд.
Истиқбол аз Асҳоб Тамаев дар Душанбе ҳамоно идома дорад. Ӯро ба тарабхонаву мағозаҳо даъват ва меҳмондорӣ мекунанд. Даъвати Тамаев ба Тоҷикистон бо ҳадафи ташкили пойга буд, ё таблиғи имконоти сайёҳии кишвар ва молу хидматрасониҳо дар пойтахт?
Зеваршо Муҳаммад шореҳи фарҳангӣ: “Омадани як блогери хориҷие, ки мухотабонаш зиёд ҳастанд, барои мардуми тоҷик аслан ҳеч чиз намедиҳад. Мо ӯро ташвиқ мекунем, ки мо ҳам дигар ҷузъи мухотабони ӯ шавем. Яъне, барои худи мардуми Тоҷикистон ҳамон шахсият ҳеч маъние надорад. Чун мо шояд то омаданаш ӯро нашиносем.
Чанд ҷавоне ҳастанд, ки шояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ боре дидаанд, ё пайравӣ мекунанд. Аммо барои аксарияти мардум аз аҳамият холӣ аст. Мо бештар ӯро ташвиқ мекунем. Ҳоло то чи андоза вай, ба ҷуз ҳамон спонсорҳое ки ӯро овардаанд, аз онҳо ташаккур мекунад ва чанд ҷумлаи хубе дар бораи Тоҷикистон мегӯяд ва ин чиз таконе дода метавонад барои рушди Тоҷикистон, барои пешрафти Тоҷикистон - инаш ҳам дигар як саволи алоҳида аст. “
Солҳои гузашта блогерон ва афроди шинохтаи дигари русиягӣ – Гасан Гусейнов, Ислом Махачев ва Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Тоҷикистон омада буданд. Аз онҳо низ дар сатҳҳои гуногун истиқбол шуда буд. Зеваршо Муҳаммад мегӯяд, агар ҳадаф аз даъвати блогерон муаррифии зарфиятҳои сайёҳӣ ва иқтисодии Тоҷикистон аст, чаро танҳо афроде даъват мешаванд, ки дар паҳнои пасошӯравӣ маъруф ҳастанд ва бо русӣ суҳбат мекунанд.
Зеваршо Муҳаммад шореҳи фарҳангӣ: “Дунё фаротар аз он ҷуғрофиёи Русия ҳаст, ки имкониятҳои бештару фарохтаре дорад. Чаро барои мисол, забонҳои инглисиву форсиро ташвиқ намекунем, ки он қадар имкониятҳое, ки забони форсӣ ба ҷавонони мо медиҳад, забони русӣ дода наметавонад. Агар ки ҳадафи шумо муаррифии Тоҷикистон бошад, пас аз доираи ҳамин забони русӣ берун шавед. Дар доираи забони русӣ мо ҳар қадаре, ки нахоҳем он худаш тарғибу ташвиқ мешавад. Яъне, ки мухотаби русӣ мо ба ҳар навъе дорем.“
Гулчеҳра Раҳимова, ки ҳамроҳи писари бемораш дар роҳ дармонд, мегӯяд, бар иловаи азияти сокинон, таблиғи пойгаи мошинҳо номақбул аст: “Дар пойтахт, умуман дар ҷумҳурӣ рӯзе нест, ки як фоҷиаи садамавии маргбор сар назанад. Акнун бинед, ки дар ҳолате, ки ин қадар садамаҳои мудҳиш рух медиҳанд, гузаронидани як чунин “гонка” номақбул аст, ба назари ман.”