Дар талоше барои тарбияи зиндониён ва коҳиши шумораи онҳо дар зиндонҳо, порлумони Узбекистон қонунеро қабул кард, ки мувофиқи он барои ҳар як китоби хондаи маҳбус муҳлати ҷазои ӯ 3 рӯз кӯтоҳ мешавад.
Мақомоти Русия эълон карданд, ки пас аз 10-уми сентябр ба ихроҷи муҳоҷироне оғоз мекунанд, ки дар кишвар ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар Қирғизистон амалиёт ба зидди занони ниқобпӯш идома дорад, ки дар онҷо ба сар кардани ин либоси исломӣ манъ аст. Коре, ки дар Тоҷикистон солҳо пеш анҷом медоданд.
Раҳпаймоии бошукӯҳи низомӣ дар Пекинро, ки ҳадаф аз он намоиши тавоноии низомии Чин буд, тақрибан 20 раҳбари кишварҳои дунё аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон тамошо карданд.
Дар Қирғизистон як пешниҳод дар бораи “чойпулии қонунӣ” ба пизишкон ё табибон баҳси зиёдеро барангехт. Яке аз вазирон гуфтааст, азбаски мардум ба кормандони тиб бо изҳори қадрдонӣ барои муолиҷа чойпулӣ медиҳанд, чаро онро қонунӣ накунанд. Айни замон ин кор навъе ришва ё пора ба ҳисоб меравад.
Вақте падараш ӯро, ба гуфтаи мақомот, ба дуздии шашсад сомонӣ гумонбар донист, ба пулис насупурд, балки пойҳои ӯро бо таноб басту аз паси мошинааш кашид ва ҷараёни суолу ҷавобро ба навор гирифт.
Агарчӣ сиёсатмадорон дар Қазоқистон ҳар сол эъломияи молиёт ё андоз месупоранд, аммо онро ба мардуми одӣ нишон намедиҳанд. Аз имсол вазъ бояд дигар шавад. Вазорати молия гуфтааст, мардум аз ин пас хоҳанд донист, ки вазирон чӣ қадар даромаду сарват доранд.
Гуруҳе аз блогерон ва рӯзноманигорони водии Фарғона аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада дар бораи таҷрибаашон суҳбат карданд. Ин аввалин дидори хабарнигорони водии Фарғона аз замони муноқиша дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.
Кирил Нисанбоев пас аз адои хидмати ҳарбӣ дар ватанаш, Қазоқистон, тирамоҳи соли 2023 барои кор ба Русия рафт. Зодгоҳи ӯ, шаҳри Рудний, дар камтар аз садкилометрии Русия ҷойгир аст. Барои мардуми онҷо корҷӯйӣ дар кишвари ҳамсоя маъмулист.
Дар шаҳрҳои Душанбе, Бишкек, Остона ва Тошканд ҳатто дар рӯзҳои одӣ низ ҳаракат дар кӯчаҳои серодам метавонад душвор бошад. Аммо дар вақти сафари шахсони воломақом, зиндагӣ дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилтар мешавад.
Бо гузашти беш аз чаҳор моҳ Тоҷикистон ҳанӯз ҳам минтақаҳо ва маҳалҳои табодулшударо бо Қирғизистон эълон намекунад. Дар ҳоле ки мансабдорони Қирғизистон пеш аз имзои созишнома баъзе ҷузъиётро ошкор карда буданд.
Номашро метавон «қудрати хоҳарон» гузошт. Дар Осиёи Марказӣ, ки одатан писаронро барои ворисӣ дар сатҳи болои қудрат омода мекарданд, акнун як тамоюли нав ба вуҷуд омадааст, яъне духтарон ба бозигарони муҳими сиёсӣ табдил меёбанд.
Ёфтҳои бештар