Тоҷикони муқими Қирғизистон мегӯянд, пас аз имзои созишномаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон зиндагии онҳо комилан дигар шудааст.
Дар талоше барои тарбияи зиндониён ва коҳиши шумораи онҳо дар зиндонҳо, порлумони Узбекистон қонунеро қабул кард, ки мувофиқи он барои ҳар як китоби хондаи маҳбус муҳлати ҷазои ӯ 3 рӯз кӯтоҳ мешавад.
Як миллиону ҳафтсад ҳазор нусха. Бузургтарин нашри “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ. Ин теъдод китоб шаҳр ба шаҳр ва русто ба рустои Тоҷикистон ба ҳар хонавода ройгон ҳадя мешавад. Маросими тақсими дуҷилдаи “Шоҳнома” аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шуд ва ҳоло то ноҳияи Файзобод расидааст.
Пас аз танқидҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ иҷрои нақши Абдураҳмони Ҷомиро дар филми “Ахтарон” аз Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси идораи “Тоҷикфилм” гирифта, ба Қурбони Собир додаанд. Ин иттилоъро ду манбаи огоҳ рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.
Тасмими ба Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси идораи “Тоҷикфилм”, додани нақши Абдураҳмони Ҷомӣ, шоиру донишманди асри понздаҳ, дар як филми муштарак бо Узбекистон (Ҷомӣ ва Навоӣ) баҳс барангехт.
Ба ифтихори зодрӯзи нависанда Баҳманёр, ки агар зинда буд, рӯзи 15 июл 71-сола мешуд.
Шоирони афғон қабули қонуни нав дар бораи танзими мушоираҳо дар Афғонистонро, ки Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари Толибон имзо кардааст, талоше барои маҳдуд кардани фаъолияти шоирону шеърнависӣ хонда мегӯянд, ин санад қонун бар озодӣ ва халлоқияти шоирон таъсири бад мегузорад.
Ҳунарпешагони вилояти Суғд силсилаи намоишҳоеро рӯи саҳна оварданд, ки ба гуфтаашон, орӣ аз сонсур ё сензура буда, қарор аст, ба масъалаҳои рӯзи ҷомеа ҷавобгӯ бошанд. Ин силсилаҳо дар доираи ҳамоиши Drama.Lab бо дастгирии Конфедератсияи Швейтсария дар кишварҳои Осиёи Марказӣ эҷод шудаанд.
Ду ҳунарманди нобино пас аз 20 сол саъю талош орзуи хешро амалӣ карданд. Акбар ва Рустам шогирдони мактаби нобиноёни шаҳри Ҳисор солҳои дароз орзу доштанд, ки ҳамроҳ шаби эҷодӣ баргузор кунанд. Ҳафтаи гузашта орзуяшон дар як тарабхонаи шаҳри Душанбе амалӣ шуд.
Ёфтҳои бештар