Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, пайомадҳои таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ба зидди се бонки тиҷоратии кишварро меомӯзад ва барои кам кардани оқибатҳои манфии он "бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.”
Иттиҳоди Аврупо, ки баъд аз оғози ҷанги Русия дар Украина ба зидди Маскав таҳримоти зиёде эъмол кардааст, рӯзи 23-юми октябр бастаи дигари таҳримҳоро ба зидди Русия эълон кард. Дар феҳрасти муассисаву ширкатҳои таҳримшуда номи “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” низ ҳаст.
Бар асоси ин қарор, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо се бонки шомилшуда дар феҳраст аз Тоҷикистон муомилот ба роҳ монанд.
Дар қарори Иттиҳоди Аврупо дар бораи таҳримоти нав гуфта шудааст, ки "дар феҳраст муассисаҳои мушаххаси кишварҳои саввум шомил карда шудаанд, ки аз роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ аз ҷумла компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молҳо ва технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегиранд.”
Дар феҳраст номи чанд бонк аз Қирғизистону Ҳинд ва Чин низ ҳаст. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 24-уми октябр дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, ки “вобаста ба ин, якҷо бо ташкилоти қарзии молиявӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати муайян намудани сабабҳо ва кам кардани эҳтимолияти пайомадҳои манфӣ бо шарикони байналмилалӣ машварат намуда истодааст.”
Айни замон, ба гуфтаи намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои таҳримшуда ҳамчунон ба муштариён мисли ҳамеша хидмат мерасонанд ва “амалиёти бонкии дохили кишвар, хидматрасонии ҳисобҳо, кортҳо, банкоматҳо, замимаҳо ва хидматрасониҳои электронӣ тибқи нақша иҷро мегарданд.”
Каримҷон Аҳмадов, муовини собиқи вазири иқтисоди Тоҷикистон, дар як посухи катбӣ дар бораи пайомадҳои эҳтимолии таҳримоти Аврупо ба зидди бонкҳои Тоҷикистон навишт: "Интизор мерафт, ки таҳримот мешаванд. Баъзе аз бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аз ҳамон аввал барои кӯмак дар давр задани таҳримот ба зидди Русия истифода мешуданд. Аз ҷумла давр задани маҳдудиятҳои системаи SWIFT ва муомилоти хариду фурӯш аз тариқи ҳисобҳояшон дар бонкҳои Иттиҳоди Аврупо. Таҳримот ҳеч таъсире ба кори бонкҳо дар дохил дошта наметавонад, вале амалиёти байналмилалӣ тавассути бонкҳои Аврупо, мушкил ва ё имконнопазир мешаванд. Ҳамаи ин фаъолиятҳо ба манфиати Русия аз аввал пайгирӣ мешуданд. Сухан дар бораи муомилоти ширкатҳое мерафт, ки пинҳонӣ таъсис ёфта, барои воридот ва сипас содироти молҳои дорои ҳадафҳои дугуна ба Русия истифода мешуданд. Бонкҳои Тоҷикистон аз ҳисоби интиқоли пул тавассути Аврупо ба манфиати ширкатҳои русӣ ҳаққи хидмат мегирифтанд. Агарчӣ ширкатҳо дар Тоҷикистон ва ё кишварҳои саввум сабти ном шудаанд. “
Дар баёнияи Бонки миллӣ ҳамчунин омадааст, ки мумкин аст, таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ба зидди “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” сабаби санҷишҳои иловагии ё тағйирот дар усулҳои стандартии интиқолҳои байналмилалии ин се бонк шавад.
Пойгоҳи хабарии "Pamir Inside" навиштааст, ки се бонки таҳримшуда ба наздикони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон таалуқ доранд.
Бонки миллӣ ҳамчунин гуфтааст, ки “Фаъолияти низоми бонкӣ бо риояи қонунгузории амалкунанда идома дошта, барои таъмини фаъолияти мунтазам, субот ва ҳифзи манфиатҳои муштариён тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.”
Бонкҳои мазкур аз ҷумлаи бонкҳои сермуштарӣ дар Тоҷикистон ҳастанд ва ҳоло маълум нест, ки манъи муомила бо онҳо то чӣ ҳад ба фаъолияти "Душанбе Сити", "Спитаменбонк" ва "Коммерсбонки Тоҷикистон" таъсир мегузорад ва ё фаъолияти онҳоро то чӣ ҳад маҳдуд мекунад.
Аз замони таҷовузи Русия ба хоки Украина дар соли 2022 бори аввал нест, ки ширкатҳои воқеъ дар Тоҷикистон таҳрим мешаванд. Аз ҷумла ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон”, таҳти таҳрим қарор дорад ва яке аз таъминкунандагони асосии сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аст.