Рӯзномаи "The Express Tribune" чопи Покистон гузориш додааст, ки Толибон дархост аслии Исломобод дар бораи иқдоми мушаххас алайҳи паноҳгоҳҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Покистон дар хоки Афғонистонро напазируфта, аз ироаи замонати хаттӣ худдорӣ кардаанд.
Манбаъҳои амниятии Покистон гуфтаанд, ки Толибон ончи Исломобод "дархостҳои машрӯъ" мехонад, рад кардаанд ва Покистон низ мавзеи худро нарм накардааст.
Исломобод таъкид дорад, ки шарти ҳамкорӣ бо ҳукумати Толибон, ин иқдоми Кобул алйҳи Таҳрики Толибони Покистон, шӯришиёни балуч ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ аст.
Як манбаи Толибон ба телевизиони "Тулӯъ" гуфтааст, ки онҳо то ҳадди имкон талош карданд, то роҳҳале барои ихтилофот пайдо кунанд, аммо ба гуфтаи ӯ тарафи покистонӣ чунин ният надошт.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни музокирот тарафи покистонӣ аз намояндагони Толибон хост, ки иҷоза диҳанд алайҳи Таҳрики Толибони Покистон дар хоки Афғонистон иқдом шавад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи 27 октябр гуфт, музокирот идома дорад, аммо пеш аз поёни нишаст наметавон дар бораи натиҷаҳои он пешбинӣ кард. Ӯ таъкид кард, ки танҳо роҳҳали танишҳои ахир, гуфтугӯ ва дарки тарафи муқобил аст.
Ин музокирот дар ҳоле баргузор шуд, ки ҳафтаи гузашта Хоҷа Осиф, вазири дифои Покистон ҳушдор дода буд, ки дар сурати шикасти гуфтугӯҳо, "ҷанги ошкор" миёни ду кишвар оғоз хоҳад шуд.
Дар моҳҳои ахир робитаҳои Покистон ва ҳукумати Толибон пуртаниш шудааст.
Покистон Толибонро ба паноҳ додан ба ҷангҷӯни Таҳрики Толибони Покистон муттаҳам мекунад. Толибон ин иттиҳомро рад карда, аз Исломобод мехоҳад ихтилофотро аз тариқи гуфтугӯ ҳал кунад.
Вазири дифои ҳукумати Толибон рӯзи 11 октябр бо нашри эъломияи гуфа буд, ки Покистон ҳарими ҳавоии ин кишварро нақз карда, ба мавзеъҳое дар Кобул ва вилояти Пактико ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст.
Пас аз он, даргириҳои сахте дар марзи ду кишвар рух дод, ки Толибон онро ҳамлаҳои интиқомҷӯёна хонданд ва ҳар ду тараф иддао карданд, ки ба тарафи дигар талафот ворид карданд.
Даргириҳо марзии ахир миёни ду тараф, ки даҳҳо кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, боиси баста шудани ҳама гузаргоҳҳо дар марзи байни ду кишвар барои беш аз ду ҳафта шуд, ки хисороти зиёде барои тоҷирони Афғонистон ворид кардааст.
Пас аз ин даргириҳо, даври аввали гуфтугӯҳо миёни Покистон ва ҳукумати Толибон дар шаҳри Давҳа баргузор шуд ва ҷонибҳо ба оташбас расиданд. Ин гуфтугӯҳо бо миёнҷигарии Қатар ва Туркия сурат гирифта буд.
Гуфтугӯ