Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вай озод гаштааст, духтари ман зери хок рафт"


Бибиву модари Суғдиёна дар мотами навраси ғӯрамарг нишастаанд.
Бибиву модари Суғдиёна дар мотами навраси ғӯрамарг нишастаанд.

Худкушии як духтари ноболиғ дар ноҳияи Спитамен сабаби баҳси ду хонавода шудааст. Пайвандони Суғдиёна Тоҷибоева иддао доранд, ки дар худкушии ӯ модари дӯстписараш гунаҳкор аст. Ҷониби дигар иддаоро рад мекунад. Додситонӣ тафтиши сабабҳои худкуширо оғоз кардааст, ки 6 моҳ пеш рух додааст.

Тани беҷону овезони Суғдиёна Тоҷибоеваи 16-соларо пайвандонаш субҳи 4-уми июн аз оғили ҳавлияшон пайдо кардаанд. Синфи 9 буд ва ҳамон рӯз бояд дар мактаб имтиҳон месупурд.

Зулхумор Ҷамолова, бибии Суғдиёна Тоҷибоева: “Ба имтиҳон рафт ё не гуфта ба хонааш даромада пурсиданӣ шудам, ки даромада бинам дар хонааш нест набераам. Ҳуҷраашро ба тартиб овардагӣ, вале кафшаш дар беруни дар истодааст. Ҳама ҷойро кофта ва ба ҳазор фикру хайёл рафтам. Давида ба оғил рафтам. Бинам худашро овехтааст. То ҳол аз пеши назарам намеравад”.

Бибиаш мегӯяд, сабаби фоҷиа баҳсу ҷанҷоли модари дӯстписараш аст, ки ба қавли ӯ ду рӯз пеш аз ҳодиса ба хонаашон омада, ҷанҷолу моҷаро бардошт.

Зулхумор Ҷамолова, бибии Суғдиёна Тоҷибоева: “Як рӯз ҳамроҳи набераам ба хонаам омад. Ҳангоми ӯ омадан як ҳамсояам низ омад. Ман баромада ҳамсояро гусел кардам. Вақте гашта ба хона даромадам дидам, ки набераам тарсида истодааст. Чӣ гуфтанашро намедонад. Ман туро ба прокуратура медиҳам, дар телефон навори сабткардаамро ба интернет мепартоям гуфта баланд гап зад. Ҳамин гапҳоро гуфта буд, ки тарсид."

"Вай озод гаштааст, духтари ман зери хок рафт"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:54 0:00

Гулойим Тоҷибоева, модари Суғдиёна Тоҷибоева: “Чаро ба писари ман навиштӣ, чаро бо писарам ишқварзӣ мекунӣ, ман туро шарманда мекунам, ба прокуратура менависам гуфта доду вой кардааст. Духтари ман тарсидааст. Духтар худашро беҳуда меовехтагӣ набуд. Хондан мехост, ҳама ҳуҷҷатҳояш тайёр буд. Ба имтиҳонҳо тайёрӣ медид ва худро овехтан дар хаёлаш ҳам набуд. Санаи 2-уми июн Азиза ба хона омадааст, санаи 3-ум зодрӯзи янгаашро гузаронида ва санаи 4-ум худашро овехтааст."

Наздикони Суғдиёна аз он сабаб модари дӯстписараш Азиза Устобобоеваро дар худкушӣ гунаҳкор медонанд, ки чанд рӯз пеш аз худкушӣ наврасро дар ин замони ҳассоси зиндагиаш истинтоқ карда ва ба навор гирифтааст. Дар ин видео, ки Радиои Озодӣ дид, садои зане шунида мешавад, ки ба духтар мегӯяд дар сурати қатъ накардани муносибат бо писараш, видеоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузораду ба мақомот месупорад.

Гулойим Тоҷибоева, модари Суғдиёна Тоҷибоева: “Ягон бор ба ман нагуфтааст ё занг назадааст, ки ҳамихел гапу кор ҳаст гуфта. Дар хонаам келинам ҳаст, хоҳарам ҳастанд, ҳамаи моро ҷеғ зада маслиҳат кунем нагуфтааст. Инҳо бачаву духтари хурд худашро ягон кор накунад нагуфта, фикрашро накардааст. Ба дӯконаш дароварда суд кардааст. Видео гирифтааст, духтарам тарсидааст. Вай ҳақ надошт, духтари маро ба дӯконаш дароварда ин корро кунад."

Мунтазири посухи мақомот ва адолат

Худи Азиза Устобобоева нахост, ин рафторашро дар назди дурбин шарҳ диҳад, вале дар суҳбати ҳузурӣ гуфт, ки мехост аз иттифоқҳои ногувор пешгирӣ кунад. Писари Азиза ва духтари Гулойим дар як мактаб таҳсил доштаанд. Омӯзгорони мактаб нахостанд, дар ин бора шарҳу тавзеҳ диҳанд ва танҳо гуфтанд, ки Суғдиёна дониши хуб дошт.

Модари Суғдиёна мегӯяд, замони фоҷиа дар Русия муолиҷа мегирифт ва парастори духтар бибиаш буд. Мегӯяд, аз муносибати ошиқонаи духтараш хабардор набуд ва танҳо дар бораи таҳсили ояндаву нақшаҳояш сӯҳбат мекарданд. Вай ҳадс мезанад, ки агар аз асли масъала огоҳ мешуд, шояд аз мусибат пешгирӣ мекард. Ҳоло мехоҳад, ин масъаларо додгоҳ ҳал кунад.

Гулойим Тоҷибоева, модари Суғдиёна Тоҷибоева: “Устобобоеваро шахси ҷазо медодагӣ пайдо нашуд то ҳол. Вай озодона гаштааст, духтари ман зери хок рафт. Шаш моҳ боз медавам. Чора бинед мегӯям. Ягон мақомот чора намебинад. Мисле, ки ҳеч чиз нашудааст, дар дӯконаш мазза карда шиштааст."

Дар Тоҷикистон солҳои ахир қасди худкушӣ ва ё мавридҳои худкушӣ зиёд шудаанд. Бар асоси омори Додситонии кулли Тоҷикистон, соли 2024 дар кишвар 259 нафар занону духтарон худкушӣ кардаанд ва ё қасди ҷони худ кардаанд. Дар байни онҳо ноболиғон низ зиёданд. Мақомот аз мавридҳои зиёди ба худкушӣ расонидан низ иттилоъ додаанд. Равоншиносон сабаби чунин ҳодисаҳоро беэътиноии падару модар ба эҳсоси наврасон ва надонистани шеваҳои муомила бо онҳо дар ин айёми ҳассос мегӯянд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG