Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корамон афтодааст ба онҳо. Бо ягон қонун кор намекунанд."


Умаралӣ Саидов 13 сол дар додгоҳҳои Тоҷикистон баҳсу кашмакаш кардааст.
Умаралӣ Саидов 13 сол дар додгоҳҳои Тоҷикистон баҳсу кашмакаш кардааст.

Шикоятҳо аз кори додрасҳо дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳад. Аммо мақомоти додгоҳӣ ҳамеша кори худро одилона арзёбӣ карда, ба таъмини волоияти қонун ва мустақил буданашон таъкид мекунанд.

Олим Ортиқов, сокини ноҳияи Кушониён аз қарори додгоҳи ноҳия дар бораи маскун кардани ҳамсари бародараш дар хонаи муштараки онҳо розӣ нест. Мегӯяд, муҳокимаҳои додгоҳӣ ноодилона сурат мегиранд ва аз ин рӯ қарори додрас умед ва бовари ӯро ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон аз байн бурдааст.

Олим Ортиқов, сокини ноҳияи Кушониён: «Якчанд бор гуфтам, ки мӯҳтарам судя ҷое, ки Шумо маскун карда истодаед, дар он ҳуҷра ман худам истиқомат мекунам. Ман ҷойи истиқомат надорам. Ман ва зану кӯдакам соҳибмулк ҳастем, хонаву дари ман аст. Ман зану кӯдакамро гирифта, дар берун зиндагӣ намекунам, ки вай омада зиндагӣ кунад».

Мисли ӯ шикоятҳо аз кори додрасҳо дар Тоҷикистон зиёд садо медиҳад. Аммо мақомоти додгоҳӣ ҳамеша кори худро одилона арзёбӣ карда, ба таъмини волоияти қонун ва мустақил буданашон таъкид мекунанд. Абдураҳмон Ватанов, додраси собиқадор бар ин назар аст, ки барои таъмини адолати додгоҳӣ додрасҳо бояд мустақил бошанд.

Абдураҳмон Ватанов, додраси собиқадор: «Як чиз мехоҳам, ки ҳамин судяҳои мо бояд масъул шаванд, дар назди халқ. Ҳоло ҳам ҳаст мисол ягон парвандаро дида, баъд маслиҳат мекунанд. Ба фикрам, маслиҳатҳое, ки судяҳо бо судяҳои боло, ё раис мекунанд, набояд бошад, ин корро набояд кунанд.»

Ба назари ӯ, истиқлоли додрасҳо аз сатҳи дониши онҳо низ вобастагӣ дорад: «Мо мехоҳем, ҳамин созмони судяҳои Тоҷикистон, ки соли 1994 ташкил шуд, ба судяҳои ҷавон бисёр аҳмият диҳад. Дониши онҳоро баланд кунанд. Ман дар бисёр кишварҳо будам. Медонам, ки судяҳо дар кишварҳои мустақилтар ҳастанд».

Чаро шикоят аз кори додрасҳо коҳиш намеёбад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:48 0:00

Шаш сол пеш Кумисюни Байналмилалии Ҳуқуқшиносон дар гузорише гуфта буд, ки додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил нестанд ва беғаразона ҳукм содир намекунанд ва аз ҳукумат хост, низоми додгоҳиро ислоҳ кунад. Тоҷикистон солҳои 2007 то 2021 чаҳор маротиба барномаи ислоҳоти судӣ -ҳуқуқиро қабул намуда, ба назари мақомоти додгоҳӣ чунин барномаҳо амалӣ шудаанд. Аммо ин барномаҳо барои низоми додгоҳии Тоҷикистон чӣ беҳбудӣ оварданд? Дар Додгоҳи олӣ касе ҳозир нашуд дар ин бора суҳбат кунад ва ба номаи Радиои Озодӣ низ посух надодаанд. Раҳбарияти Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи августи имсол дар як нишасти хабарӣ аз таъмини адолати додгоҳӣ суҳбат карда буд.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон: “Пештарҳо агар дар як ҳафта як бор мешуд, ҳоло дар як ҳафта ду маротиба худи роҳбарон мардумро бевосита қабул мекунанд. Барои он аст, ки худи мардум бубинад, ки кори мо шаффоф аст. Биёянд, муроҷиат кунанд, ҳуҷҷат дода бошанд, ё аз ягон санадҳои судӣ норозӣ бошанд, ё аз ҳаракатҳои судӣ. Марҳамат биёянд, мо қабул мекунем, ё худам, ё ҳамроҳ бо муовинон. Вобаста ба ҳамон шикояту эродҳое, ки онҳо доранд, дар доираи қонун шикоятҳояшон баррасӣ карда мешавад. “

Фарҳод Одинаев, фаъоли маданӣ дар Аврупо шарҳ дод, ки чаро додрасҳо дар Тоҷикистон мустақил нестанд: “Чун судяҳоро президент таъйин ва бекор мекунад. Ин сабаб шудааст, ки судяҳо дар Тоҷикистон ғайримустақиланд. Судҳо аслан ҳамааш фармонбардоранд. Судяҳо нигоҳ мекунанд, ки прокурор чӣ талаб мекунад.”

Як пурсиши сарироҳии хабарнигорони Озодӣ нишон дод, ки сокинон дар бораи кори додрасҳо назарҳои гуногун доранд. Яке аз онҳо аз таҷрибаи худ гуфт: «Вақте аз ҳукумати болоӣ, ки фишор оварданд, вайҳо ҳам натавонистанд. Ҳукумат тарафи суд омад, суд тарафи ҳукумат рафт. Лекин ман инро намондам. Ба болоӣ навиштам. Ду се маротиба баргардонданд, лекин охир охир охир ба манфиати ман баромад.»

Назари бақия чунин буд:

«Қонун барои ҳама аст. Чӣ барои сарватманду нодор. Маҳз барои ҳама аст».

«Корафтода нашудаму мебинам, ки дар ҳақиқат кор мекунанд».

«Корамон афтодааст ба онҳо. Бо ягон қонун кор намекунанд. Ҳамин қадар гап мезанад, президент, ба гапи президент кор намекунанд. Як хелаш қонунро таги по мекунанд.»

Додгоҳҳо дар Тоҷикистон дар аксар маврид гумонбаронро маҳкум мекунанд ва хеле кам шудааст, ки касеро бегуноҳ эълон кунанд. Ба иттилои расмӣ, додрасҳои Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли гузашта 94 ҳазор парвандаро баррасӣ карда, ягон ҳукме содир накардаанд, ки муттаҳам ба ҷиноятеро бегуноҳ хонда бошад.

Мақомоти додгоҳ инро беҳтар шудани кори мақомоти тафтишотӣ, вале ҳуқуқшиносон пойбандии додрасҳо аз дигар ниҳоду ҷонибҳо арзёбӣ мекунанд. Роҳ наёфтани наздикони гумонбарон ба мурофиаҳо ва норӯшан мондани баъзе парвандаҳои пурсару садо ҳам солҳои ахир интиқоди додгоҳҳои кишварро зиёдтар кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG