Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар сурудҳо пуртаъсир набуданд, овозхонҳо зиндонӣ намешуданд." Тарона ҳамчун рамзи эътироз дар Эрон


Акси Тумоҷ Солеҳӣ дар як намоише ба пуштибонии эрониён дар Туркия
Акси Тумоҷ Солеҳӣ дар як намоише ба пуштибонии эрониён дар Туркия

Cе сол пеш дар ҳамин шабурӯзи моҳи сентябр марги пурфоҷеаи Маҳсо Аминӣ дар идораи полиси Эрон, ки барои бадҳиҷобӣ ё нодуруст ба сар кардани рӯсарӣ боздошт шуда буд, ҳаракат ва шиори наверо бо номи “Зан, зиндагӣ, озодӣ” эҷод кард.

Ин шиор бори аввал дар сари қабри Маҳсо дар шаҳри Саққиз садо доду баъдан саросари кишварро фаро гирифт ва ба зудӣ ба як паёми эътирозии мардум ва мотами ҳамагонӣ табдил ёфт.

Бо вуҷуди фишору ҳабсҳо овозхонҳои мисли Тумоҷ Солеҳӣ, Шервин Ҳоҷипур ва Сомон Ёсин ба садои пурнуфузи эътироз табдил шуданд. Оҳангҳои онҳо на фақат навои дили эътирозгарон гардиданд, балки дар дили мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ эҳсоси тарсро ҷой карданд.

Мақомот ба саркӯби овозхонҳову таронаҳои онҳо пардохтанд, чун сурудаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвони рамзу оҳанги эътироз аз низом паҳн шуданд.

Маздок Алии Мунтазирӣ, як хабарнигори масоили ҳунарӣ дар Теҳрон дар сӯҳбате бо Радио Фардо мегӯяд, “агар ин сурудҳо бонуфуз набуданд, муаллифонашонро зиндонӣ намекарданд”.

Ҳабсу сонсур, ки мақомот алайҳи ҳунармандон ба роҳ монданд, танҳо бо хонандаҳои мард маҳдуд нашуд ва занҳоро ҳам ҳадаф қарор дод.

Ҳумон Вофрӣ, як хонандаи таронаҳои попи классикӣ дар остонаи эътирозҳо албоми нави сурудҳои худро дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ нашр намуд. Ӯ мегӯяд:

“Саркӯбҳои сиёсӣ ба кору эҷоди ҳунармандон бетаъсир намемонад. Фишори хадамоти амниятӣ ё таҳдиди ҳабс боис мешавад, ки ин суол халқ шавад, ки оё ҳунар арзиши пардохти чунин баҳои баландро дорад? Шояд беҳтар аст ақибнишинӣ кунам ё баръакс, ин хатарро ба дӯш гирифта ба ҷомеа бигӯям, ки чӣ мегузарад? Ин кашишу фишор гоҳе барои эҷоди таронае ба хотири ҳаракат ва мубориза ё барои як ист сабаб мешавад”.

Вале воқеият ин аст, ки саркӯбҳо нақши мусиқиву оҳангро ба унвони як навъи ибтикору фаъолият бориз намуд.

Вофрӣ мегӯяд, дар навъи мусиқӣ ҳам як тағйире пеш омад. “Мусиқӣ сахттар ва пурэнержӣ шуду жанрҳои року рэп қавитар гашт. Як насле ба вуҷуд омад, ки рэпро гӯш карда, ба эҷоди таронаҳои худӣ ва нашри он дар шабакаҳо пардохт. Мавҷудияти шабакаҳои иҷтимоӣ худ ба худ як мавзӯи марказӣ мебошад”.

Шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн кардани пораҳои оҳанг дар миёни миллионҳо корбарон мусоидат ва саркӯби онҳоро аз ҷониби режими ҳукумат мушкилтар намуд.

Ноҳид Сиёмдӯст, профессори ёвар дар Донишгоҳи Тексаси шаҳри Остин, ки роҷеъ ба нақши мусиқии сиёсӣ дар Эрон китоб навиштааст, мегӯяд, “бисёр ҷавонҳои эронӣ ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ фазои ғайридавлатии иҷтимоие эҷод мекунанд”. Ӯ мегӯяд, “мубоҳисаҳои хориҷ аз марзҳои расмии Ҷумҳурии Исломӣ дар ин пойгоҳҳо ба як чизи одӣ табдил шудааст”.

Дар миёни оҳангҳое, ки дар ин се сол барои бапо кардани мардум нақш доштанд, оҳанги Шервини Ҳоҷипур “Барои” шояд бештар аз ҳама пуртаъсир будааст. Як сатре аз он оҳангро соҳибкори криптоасъор Ризо Шуҳонӣ навиштааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Радио Фардо ин оҳангро аз назари ба ҳам омадани матну оҳанг, мазмун ва паёмаш ва ба дили мардум роҳ ёфтани он бисёр муваффақ номид.

Бо вуҷуди ин ки Ҷумҳурии Исломӣ саркӯбҳоро идома медиҳад, мусиқӣ дар ин ҷомеа ба унвони садои бедорӣ ва умед ҳамоно рисолати худро иҷро мекунад. Худи ҳунармандон ҳарчанд таҳти фишоранд, собит карданд, ки оҳангҳои онҳо як абзори қавии ин ҳаракат мебошанд.



Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG