Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани навор гуфтанд, нерӯҳои амниятӣ нисфирӯзӣ кори анборро боздошта, ҳамаи кормандонро ба берун бароварданд, то ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш карданд.
Мусоҳибони мо гуфтанд, дар ҷараёни рейд муҳоҷирон бо бадрафторӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Ба гуфтаи расонаҳо ва мақомоти Русия, чунин рейдҳо идома хоҳанд кард.
Дар ин байн, ҳукумати вилояти Свредловск эълон кардааст, ки нархи патенти кор барои соли оянда аз 7500 ба 9500 рубл хоҳад расид.
Дар ин бора Денис Паслер раиси ин вилоят хабар дода, гуфт, қимат шудани патент ба ин вилоят имкон медиҳад, тақрибан чаҳор миллиард рубл фоида ба даст орад.
Даромад аз патент дар саросари Русия садҳо миллион долларро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи гузашта Владимир Путин, президенти Русия дар мулоқоташ бо сарони ҷиноҳҳои Думаи давлатӣ масъалаи лағви низоми патенти муҳоҷиронро матраҳ карда буд.
Бино бар хабари дигар, рӯзи 23-юми октябр Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия бори дигар гуфт, муҳоҷирати беназорат ва ғайриқонунӣ ба нафъи душманони Русия буда, бояд қатъ карда шавад.
Ба қавли ӯ, муҳоҷирон бояд ба таври қатъӣ тибқи шартҳои қарордоди меҳнатӣ дар Русия ҳузур дошта, баъди ба итмом расидани вазифаҳояшон фавран кишварро тарк кунанд.
Ин ҳарфҳои Дмитрий Медведев дар шароите садо медиҳанд, ки ним соли охир дар Русия зиёда аз 30 қонуни нав қабул шуда, маҳдудияти зиёдеро барои муҳоҷирони корӣ ҷорӣ намудаанд.
Садҳо муҳоҷир аз фишор ва таҳқиру азият дар Русия шикоят мекунанд. Дар моҳҳои гузаштаи соли равон ҳазорон тоҷикистонӣ ба Русия роҳ наёфтанд ва ҳазорон каси дигарро аз ин кишвар ихроҷ шуданд.
Гуфтугӯ