Пас аз соли 1979 тавлид ва истифодаи майу арақу тамоми дигар нӯшиданиҳои алкоҳолӣ дар Эрон манъ шуд ва бо таваҷҷӯҳ ба аҳкоми исломӣ онҳоеро, ки баръакси фармудаву фатвоҳои рӯҳониён шароб, ё май нӯшидаанд ҷазоҳои баъзан сахт додаанд.
Бо вуҷуди ин монанди бисёре аз кишварҳои дунё ва ҳатто кишварҳои исломӣ бархе шаҳрвандон дар Эрон ҳам ба нӯшидани алкоҳол майл доранд ва манъи фурӯши он сабаб шудааст, бозори сиёҳи машрубот равнақ ёбад, ки дар бисёре аз мавридҳо арақҳои тақаллубӣ ё ҷони одамонро гирифтааст ва ба сиҳатии онҳо осеби ҷуброннопазире задааст.
Дар тозатарин изҳори назар дар ин робита Алиризо Раисӣ, муовини вазири беҳдошт аввали моҳи октябр гуфт, омори воқеии заҳролудшавӣ бо машруботи тақаллубӣ дар Эрон чанд баробар бештар аз омори онҳоест, ки ба сабаби заҳролудшавӣ ба шифохонаҳо муроҷиат мекунанд.
Ӯ гуфт: “Ҳар кадом аз онҳое, ки ба шифохонаҳои мо муроҷиат мекунанд, шумо метавонед, онро муодили 10 нафар ба назар бигиред, ки ё масраф кардаанд, ё масмумиятҳои (заҳролудшавӣ) андак доштаанд. Аксари онҳое, ки ба шифохона меоянд, касоне ҳастанд, ки алкули тақаллубӣ истифода кардаанд. Он афроде, ки алкули дигарро истифода кардаанд, камтар ба шифохона меоянд ва аз ин ҳисоб эҳтимолан ҳаҷми афрод бештар бошад.”
Алиризо Раисӣ пештар ҳам дар изҳори назаре дар бораи истифодаи машрубот гуфта буд, ки истеъмоли он сари ҳар нафар дар Эрон зиёд аст: “Масалан мехоҳем дар мавриди алкул сӯҳбат кунем, ки ин мушкилот вуҷуд дорад. Ба назари ман, мо бояд ҳатто марказҳои тарки алкул дошта бошем. Мехоҳем, инро матраҳ кунем, як иддае пайдо мешаванд ва мегӯянд, оқо алкул аз куҷо пайдо шуд, кишвари исломӣ магар алкул масраф мекунад? Бале масраф мекунад ва хуб ҳам масраф мекунанд. Масрафи сарона ҳам болост.”
Дар солҳои гузашта шаҳрҳои гуногуни Эрон борҳо шоҳиди марги шаҳрвандоне шудаанд, ки ба сабаби истеъмоли шаробҳои олуда ва ё тақаллубӣ ҷон додаанд.
Аз ҷумла моҳи октябри соли 2024 дар натиҷаи истифодаи машруботи тақаллубӣ дар вилоятҳои Мозандарон, Гелон ва Ҳамадон 26 нафар ҷон доданд. Ҳамчунин моҳи ноябри ҳамон сол вазорати адлияи Эрон эълон кард, ки ҳукми қатли чаҳор нафар муттаҳам дар парвандаҳои заҳролудшавӣ аз машрубот дар вилояти Албурз дар надоматгоҳи марказӣ дар шаҳри Караҷ иҷро шуд.
Вазорат гуфта буд, ки ин афрод дар баробари фурӯши лавозимоти ороишӣ, беҳдоштӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ дар Караҷ фаъолият карда, ба ҷойи спирти тиббии этанол, спирти техникии метанол ва марговар барои инсонро фурӯхтаанд.
Ин чаҳор нафарро ба он муттаҳам мекарданд, ки заминаи тавлиду фурӯши машруботи заҳролудеро фароҳам кардаанд, ки моҳи июни соли 2024 бар асари истеъмоли онҳо дар вилояти Албурз 17 нафар ҷон доданд ва 126 каси дигар заҳролуду бемор шуданд.