Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқ: Мусалмонон дар зиндонҳои Русия бо шиканҷаҳои бадтарин рӯбарӯ мешаванд


Президент Владимир Путин ҳафтаи гузашта ба баррасии Думаи давлатӣ тарҳи хориҷ шудани Русия аз Эъломияи Аврупо оид ба пешгирӣ аз шиканҷаву ҷазои ғайриинсонӣ ва поймолкунандаи шарафи инсонро фиристод.

Ин санадро Русия дар соли 1996 имзо карда буд. Баъди хориҷ шудани Русия аз ин санад дигар ин кишвар вазифадор намешавад, ки нозирони байналмилалиро ба маҳбасҳо роҳ диҳад ва шикояти маҳбусони зиндонҳои Русия дигар дар Кумитаи Аврупо оид ба пешгирӣ аз шиканҷа баррасӣ нахоҳад шуд.

Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия мегӯяд, дар оғози соли 2025 дар муассисаҳои ислоҳии ин кишвар 313 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешуд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар давоми ду соли гузашта шумори маҳбусон дар Русия 120 ҳазор нафар кам шудааст ва инро ҳуқуқшиносон бо ҷалби маҳбусон ба ҷанги зидди Украина рабт медиҳанд. Вале бо ин вуҷуд, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, шиканҷаву бадрафторӣ бо зиндониён, бахусус, маҳбусони сиёсӣ, шаҳрвандони Украина ваё муҳоҷирону мусалмонон то рафт бештару бераҳмтар мешавад.

Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Олга Романова, муассиси созмони “Русияи зиндонӣ” («Русь сидящая») паёмадҳои тасмими Путин дар заминаи берун шудан аз эъломияи аврупоии пешгирии шиканҷаро шарҳ дод.

Олга Романова: Аслан дар Русия ҳанӯз пеш аз шурӯи ҷанг аллакай эъломияи Аврупоро иҷро намекарданд ва ҳама гуна муроҷиатҳоро бар асоси он нодида мегирифтанд. Русия эъломияро поёни солҳои 1990-ум, замоне имзо карда буд, ки узви Шӯрои Аврупо гардид. Он замон чунин бовар буд, ки Русияи наве бунёд мешавад. Имзои ин эъломия аз ҷониби Русия дар асл ҷони бисёриҳо, пеш аз ҳама аз Чеченистонро наҷот дод. Шӯрои Аврупо ба Чеченистон рафта вуҷуди зиндонҳои махфиро таҳқиқ кард. Ҳодисаи пешгирӣ аз шиканҷа бар асоси кори комиссиюне аз Аврупо дар Урал ҳам ҷой дошт. Вале аз соли 2020 ба ин сӯ Русия дигар ба муроҷиатҳо посух намедод ва ин кор аз қазияи Навалний шурӯъ шуд. Аввал дар робита бо заҳролудшавӣ, баъдан дар заминаи нигаҳдории ӯ дар зиндон ва баъд куштори ӯ аслан ҷавобе намедод (мақомоти Русия сабаби марги ӯро дар натиҷаи беморӣ номидаанд). Русия аз Эъломияи аврупоии пешгирӣ аз шиканҷа хориҷ шуд, вале санадҳои дигар ҳанӯз ҳифз шудаанд. Яке аз маъруфтарини онҳо Созишномаи пешгирӣ аз шиканҷаи СММ мебошад, ки Русия ҳанӯз дар баробари он ӯҳдадорӣ дорад. Ин санадро дигар давлатҳои поймолкунандаи ҳуқуқ ҳам имзо кардаанд ва Русия ҳар вақт метавонад бигӯяд, ки “мо дар он санад ҳастем”.

Ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, мусулмонон дар зиндонҳои Русия бо бадтарин шиканҷа мувоҷеҳ мебошанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳоло ин тасмим чӣ паёмадҳое дошта метавонад?

Олга Романова: Мушкил ин аст, ки дар Русия шиканҷа қонунӣ карда шудааст. Соли 2018, вақте як моҷарои калони вобаста ба шиканҷа сар зад, дар Русия қонуни пешгирӣ аз шиканҷаро қабул карданд, ки он дар асл шиканҷаро иҷоза медиҳад. Чӣ гуна? Дар ин қонун навишта шудааст, ки “агар маҳбус ба фармони корманди муассисаи ислоҳӣ итоат накард, иҷоза ҳаст, ки нисбати ӯ аз зӯр ва ҳам василаҳои фаннии мисли электрошокер истифода шавад”. “Нофармонӣ ба дастур” чӣ маъно дорад? Он маъноҳои гуногун дошта метавонад. Бисёр вақт ингуна ҳолатҳо замоне рӯй медиҳанд, ки маҳбус намехоҳад алайҳи худ ваё ҳамхонааш баёнот диҳад, иҷрои амалҳои поймолкунандаи шарафи инсониро зери навори дурбин рад кунад, масалан, либоси тагашро кашида шармгоҳашро нишон диҳад. Ин ҳолатҳоро “нофармонӣ” меноманд. Ин як. Дуюм ин ки баъди ҳуҷуми васеъмиқёси Русия ба хоки Украина ҳамаи зиндонҳо дастури расмӣ гирифтанд, ки украиниҳоро шиканҷа кунанд. Дастури расмӣ гирифтаанд.

Радиои Озодӣ: Аз назари шиканҷа дар зиндон, ба мушоҳидаҳои шумо, вазъи кадом гурӯҳи маҳбусон аз ҳама заъфпазир аст ва то куҷо шиканҷа тавсеа ёфтааст?

Олга Романова: Ҳоло зиндониҳои русиягиро тақрибан шиканҷа намекунанд, чунки онҳо “маводи мавриди истифода дар ҷанг” дониста мешаванд. Ин “мавод”-ро хароб кардан мумкин нест. Аз ин рӯ, зиндониҳои сиёсиро шиканҷа мекунанд, мӯҳлати ҳабси онҳоро дароз мекунанд, чунки маҳбусони сиёсӣ ба ҷанг намераванд. Украиниҳоро шиканҷа мекунанд, чунки дастур ҳаст. Муҳоҷиронро ҳам шиканҷа мекунанд, чунки онҳо дар аксар ҳолатҳо онҳо аз рафтани ба ҷанг худдорӣ мекунанд. Вазъи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар зиндон бадтарин аст. Чунки як далелаш мубориза зидди ба истилоҳ тундгароии исломӣ аст ва ҳеҷ кас таҳлил намекунад, ки ифротгароӣ чист, барои чӣ иҷоза ҳасту барои чӣ – нест. Ҳанӯз Навалний навишта буд, ки ба мусалмонон дар зиндонҳои Русия пайдо ва расонидани Қуръон аслан имкон надорад. Мо дар бораи ҳодисаҳои фаровони шиканҷваву латукӯб барои намозхонӣ хабар дорем. Намозхониро манъ кардаанд. Ҳам латукӯб мекунанд ва ҳам мекушанд. Ҳоло ҳар мусалмоне, ки ба зиндони Русия ворид мешавад, ҳатман мавриди шиканҷа қарор мегирад. Иҷрои маносики динӣ боиси эҷоди мушкилоти хеле калон мешавад. Дар сурати хурдтарин шубҳа ӯро метавонанд “як ифротӣ” бароранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG