Ҳарчанд ин шабу рӯз шикояти аксар сокинони Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ аст, бошандагони деҳаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдат шикояти дигар доранд. Риоя нашудани реҷаи маҳдудияти барқ (лимит) ва ба гумони онҳо "фурӯхта шудани ҳаққашон ба корхонаҳои атроф", вақти барқ доштани онҳоро баъзан то бист дақиқа расондааст.
Ҷӯрабек Юнусов, сокини деҳаи Ҷангалобод, гуфт, як рӯз се соат, як рӯз ду соат, баъзан камтар ё зиёдтар аз он барқ мегиранд. "Парерӯз ҳамагӣ 25 дақиқа барқ доданд," – гуфт ӯ рӯзи 31-уми октябр.
Яке аз сокинони деҳаи Ҷангалободи шаҳри Ваҳдат дар номааш ба Радиои Озодӣ навиштааст: "3-4 рӯзи охир шабона ба ҷойи соати 17 барқро соати 21 медиҳанд. Идораи барқ лимити ба аҳоли муайяншударо ба корхонаҳои хурди гирду атроф мефурӯшад. Яъне, коррупсия ҳолати нарасидани барқро боз ҳам душвортар менамояд."
Мухтор Аҳмадов, сокини дигари деҳаи Ҷангалобод, мегӯяд, "пештар бегоҳиҳо барқ медоданд, ҳозир намедиҳанд, шаб барқ меояд". Ба гуфтаи ин бошандаи деҳа, бо вуҷуди чунин камбарқӣ, мақомот бар иловаи нишондоди ҳисобгирак "то 100-150 сомонӣ бақияпулӣ талаб мекунанд".
Сокинон мегӯянд, аз ин вазъ ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат кардаанд, аммо посух гирифтаанд, ки лимит ҳамин аст, ҳарчанд дар манотиқи дигар чунин нест. Шабакаҳои тақсими барқ мавҷудияти, ба истилоҳ “лимитфурушӣ”-ро рад мекунад. Аммо ин ниҳод мепазирад, ки дар баъзе мавридҳо бо дархости худи сокинон реҷаи барқрасонӣ кам ё зиёд карда мешавад.
“Не, ягон воқеият надорад. Агар ягон одам даргузарад ва хонаводааш илтимос кунанд, ягон соат ба хонаи онҳо барқ пайваст мешавад. Мо дар бораи фурӯхтани барқ ахборот надорем,” – гуфт Дӯстмурод Тоҳиров, сартанзимгари Шабакаҳои тақсими барқи Тоҷикистон.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Аз таҷрибаи бо дархости муштариён каму зиёд кардани вақти "лимит" соли гузашта сокинони чанд деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ низ ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд. Имсол шикоятҳо аз шаҳру навоҳии дигар илова шудааст. Дар ҳамин ҳол, шикояти сокинон аз риоят нашудани реҷаи додани барқ ё лимит дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд аст.
Дар Тоҷикистон аз 23-юми сентябр ба ин сӯ барқ ба сокинони тамоми манотиқ ба ҷуз шаҳрҳо ва маркази вилоятҳо бо маҳдудият дода мешавад. Умдатан мардум дар шабонарӯз ҳамагӣ 6-7 соат барқ доранд. Субҳ аз 05.00 то 08.00 ва бегоҳ аз 17.00 то 21.00. Вале ширкати "Барқи тоҷик" ва ширкатҳои дигари марбут ба барқ то кунун ҷорӣ шудани "лимит"-ро расман эълон накардаанд.