Президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, кишвараш талош дорад пойгоҳи ҳавоии Багромро аз дасти Толибони ҳоким дар Афғонистон бозпас гирад, чун, ин гуруҳи тундрав ба ёрии ИМА муҳтоҷ аст ва Чин метавонад аз он барои барномаҳои ҳастаиаш истифода кунад.
Трамп, ки дар як нишасти муштараки хабарӣ бо нахуствазири Бритониё Кир Стармер дар Лондон рӯзи 18 сентябр суханронӣ мекард, гуфт, “мо талош дорем, ки онро баргардонем ва он, зимнан, метавонад ба як хабари доғе табдил шавад”.
Трамп бидуни ҷузъиёти дигаре гуфт, “мо талош дорем, ки онро дубора гирем, чун онҳо (мақомоти Толибон) аз мо баъзе чиз мехоҳанд”. “Як сабаби ин ки мо ин пойгоҳро мехоҳем бозпас бигирем, ин аст ки, шумо медонед, он дар фосилаи як соат то маконе ҷойгир аст, ки он ҷо Чин силоҳҳои ҳастаӣ истеҳсол мекунад. Яъне корҳои зиёде ҷараён дорад”, гуфт Трамп.
Трамп аз ин пеш моҳи май ҳам дар бораи пойгоҳи ҳавоии Багром суҳбат карда гуфта буд, ки он дар 40-километрии Кобул ҷойгир буда, аз ҷониби Чин “ишғол” шудааст.
Дар вокуниши худ мақомоти Толибон рӯзи 19 сентябр суханҳои раҳбари ИМА-ро рад карданд. Аз ҷумла, Зокир Ҷалол, намояндаи расмии ВКХ дар Кобул дар саҳифааш дар шабакаи Х навишт, Кобул барои чунин як муомилае омода нест.
“Афғонистон ва ИМА бояд ҳамкорӣ кунанд, вале бе ин ки ИМА дар кадом як нуқтаи Афғонистон ҳузури низомие барпо бикунад”.
Ӯ афзуд, ки ҳамкориҳои байни ду кишвар метавонанд соҳаҳои иқтисодию сиёсиро бар пояи эҳтироми ҳамдигарӣ ва бо назардошти манфиати дуҷониба фаро бигиранд.
Чин ҳам дар вокунишаш гуфт, ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Афғонистон эҳтиром қоил аст. Лин Тзян, сухангӯи ВКХ Чин дар нишасти хабарие рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба суханҳои Трамп гуфт: “Оянда ва саранвишти Афғонистон бояд ба дасти мардуми Афғонистон бошад”.
Ӯ афзуд: “Мехоҳам таъкид кунам, ки эҷоди ташаннуҷ ва ихтилоф дар минтақа наметавонад мавриди истиқболи ҳамагонӣ дар минтақа бошад”.
Айни ҳол, на худи Трамп ва на дигар мақомоти амрикоӣ мушаххасан нагуфтанд, ки имкони “бозгардон”-и пойгоҳ чӣ маъно дорад ва оё дар ин замина кадом гуфтугӯҳое ҷараён доранд на. Толибон низ то ҳол ин изҳоротро шарҳ надодаанд.
Толибон, ки баъди баргаштанашон ба қудрат дар Афғонистон дар соли 2021 бо мушкилоти зиёде мисли офатҳои табиӣ, фақр, ҳамлаҳои террористӣ дастбагиребонанд, ба кӯмакҳои ҷаҳонӣ эҳтиёҷи зиёд доранд, вале то ҳол танҳо Русия бо ин ҳукумат дар Кобул робитаҳои дипломатӣ барқарор кардааст.
Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, дар ин кишвар пеш аз ҳама бояд масоили ҳуқуқи башар, бахусус мақоми занону духтарон беҳбуд ёбад.
Багром солҳои 1950-ум аз ҷониби ҳукумати шӯравӣ сохта шуд ва солҳои 1980-ум аз муҳимтарин пойгоҳҳои артиши Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафт, ки ба хоки Афғонистон таҷовуз карда буд. Баъди берунравии нирӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон дар соли 1989 он ҷо низомиёни ин кишвар ҷойгир шуданд ва дар давраи амалиёти байналмилалии зиддитеррористии баъди соли 2001, ин пойгоҳро асосан нирӯҳои зери раҳбарии ИМА зери назорат гирифтанд.
Чанд ҳафта пеш аз тарки бебандубори Афғонистон кардани нирӯҳои амрикоӣ дар тобистони соли 2021 он ба дасти мақомоти ин кишвар ва дар натиҷа ба дасти Толибон гузашт.
Аз ин пойгоҳ дар давраи авҷи ҳузури нирӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон беш аз 100 ҳазор сарбози амрикоӣ гузаштааст.
Трамп дар марҳилаи аввали раҳбариаш дар ИМА аз тарки Афғонистон кардани низомиёни амрикоӣ хабар дод. Вале дар асл ҷараёни берункашии нирӯҳо дар аҳди президент Ҷо Байден амалӣ шуд ва дар шароити бисёр беназму бебандубор сурат гирифт, ки инчунин боиси марги 13 низомии амрикоӣ ҳам гардид.
Трамп 18 сентябр гуфт, “мо мехостем, ки Афғонистонро тарк кунем ва ин корро нирӯмандона ва бошарафона анҷом диҳем”. “Вале Багром, пойгоҳи азимитарини ҳавоиро, ки дар ҷаҳон бузургтарин дониста мешавад, бар ивази ҳеҷ чиз дар ихтиёри онҳо вогузор кардем”.