Хонаҳо чӣ доранд?
Бино ба аксҳои моҳвораӣ, сохтмон аз тобистони соли 2022 ҷараён дорад. Рӯзи чоруми июли ҳамон сол дарахтбурӣ сар шуда, то поёни тобистон идома кардааст.
Аз моҳи майи соли 2024 пойдевори аввалин хонаҳо пайдо шуда, то тирамоҳи ҳамон сол сохтмони тақрибан ёздаҳ иншооти калону хурд оғоз ёфт. Хабарнигорони Маркази Таҳқиқотии Беларус дар моҳҳои июл ва октябри соли 2025 бо ёрии дрон маҳалли бинокориро акс гирифтанд. Дар тасвирҳо дидан мумкин аст, ки сохтмон идома дорад.
Дар ҳоли ҳозир чор коттеҷ сохта шуда, кори берунии се коттеҷ анҷом ёфтааст, агарчи онҳо ҳанӯз дару тиреза надоранд. Дар вебсайти тарҳҳои сармоягузории Сочи навиштаанд, ки дар ин ҷо гуё "меҳмонхонае бо 31 ҳуҷраи VIP" сохта мешавад. Масъули асосии бинокорӣ ширкати русии "Комплекс-Инвест" аст. Тибқи нақша, бинокорӣ бояд то охири соли 2025 ба поён расад.
Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ гуфта шудааст, ки маҷмаа аз бинои асосӣ, се коттеҷи VIP, меҳмонхона, тарабхона, ҷойи кабобпазӣ, истгоҳи даҳ мусофирбару мошини сабукрав, ҳуҷраи истироҳати ронандагон ва биноҳои дигар иборат хоҳад буд.
Бинои асосӣ тақрибан 3000 метри мураббаъ аст, ки дар дохилаш ҳавзу ҳаммому толори варзишӣ, кинотеатр ва анбори таҷҳизоти лижаронӣ низ дорад. Дар тарҳ гуфта мешавад, ки бино барои истиқомати шахсони камтавон ё имконияти ҷисмияшон маҳдуд низ мутобиқ аст, аз ҷумла касоне, ки бо аробаи маъюбӣ мегарданд. Лукашенко ҳозир 71-сола аст.
Се коттеҷи дигар нисбатан хурд ҳастанд. Ҳар кадоме 700 метри мураббаъ. Онҳо низ ҳавзи шиноварӣ ва ҳаммому ошхона доранд. Шумораи ин хонаҳо ба теъдоди фарзандони Лукашенко – Виктор, Дмитрий ва Николай – мувофиқат мекунанд.
Нақша девори пӯлодии ба таркиш тобовар (баландияш на кам аз дуним метр) ва дарвозаи касногузар дорад. Инчунин, дар тарҳ тақрибан шаш посгоҳи амниятӣ, ҳуҷраи ҷудогонаи силоҳдорӣ, низоми безараргардонии дронҳо, металсанҷ ва "таҷҳизоти назорати радиатсионӣ" сабт шудаанд.
Фармони махфӣ
Александр Лукашенко ҳанӯз дар соли 2021 фармони махфиеро имзо кард, ки тибқи он замини ҳудуди "Красная поляна", ки ба Ҷумҳурии Беларус тааллуқ дошт, ба ширкати русии "Комплекс-Инвест" фурӯхта шудааст. Арзиши ин қитъаи замин аввал 13 миллион доллар буд, вале пас аз ним сол онро то 6,4 миллион доллар поин оварданд.
Бар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки Маркази Таҳқиқотии Беларус ба даст овард, нархи воқеӣ ё бозории ин порча замин тақрибан 20 баробар бештар, яъне 131 миллион доллар аст.
Соҳиби нахустини "Комплекс-Инвест" зани бознишастае бо номи Елена Бортсева буд – хоҳари ҳамсари соҳибкори беларус Владимир Япринтсев, яке аз шарикони қадимии хонаводаи Лукашенко ва миллиардери маъруф Юрий Чиж. Чиж солҳои зиёд яке аз сармоягузорони асосии клуби футболи “Динамо”-и Минск ва раиси Федератсияи гӯштии Беларус буд.
Тибқи маълумоти Маркази Таҳқиқотии Беларус, Чиж дар тиҷорати фурӯши нафти Русия ба Беларус машғул буд ва молиёт ё андози давлатро намедод. Япринтсев дар тобистони 2015 дастгир ва сипас озод шуд, аммо Чиж дар моҳи марти 2016 боздошт ва дертар барои гурез аз пардохти молиёт ба зиндон маҳкум гардид. Ширкат дар моҳи феврали соли 2024 ба дасти муҳофизи пешини Лукашенко – Александр Романовский – гузашт.
Ҳуҷҷатҳо баёнгари онанд, ки ширкати "Комплекс-Инвест" дар Русия ҳеч фаъолияти тиҷоратӣ надорад. Мудири кулли он, Алексей Прудников, низ дар моҳи июли соли 2023 дар идораи молиёти Русия гуфтааст, ки ширкат "аз ҳисоби қарз кор мекунад".
Пули сохтмон аз куҷо меояд?
Бар асоси маълумоти таҳқиқгарон, маблағгузории "Комплекс-Инвест" аз ҷониби ширкатҳо ва шахсони наздик ба Александр Лукашенко, раҳбари Беларус, анҷом гирифтааст.
Аз ҷумла:
- Ширкати беларусии "Регионалний заказ", вобаста ба "Гардсервис" (зери роҳбарии Виктор Шейман, ки ӯро аз “вагнериҳои Лукашенко” мехонанд), 6 миллион қарз доллар додааст;
- Александр Романовский, муҳофизи пешини Лукашенко, ки баъдан соҳиби "Комплекс-Инвест" шуд, ба ҳамин ширкат тақрибан 4 миллион доллар додааст;
- Ширкати русии M.R.I.S. Group, ки бо хонаводаи собиқ сардори дастгоҳи Лукашенко робита дорад, ним миллион доллар саҳм гузоштааст;
- Ширкати Rostumel Holding Limited дар Кипр, вобаста ба Андрей Свиридов (шогирди Шейман), якуним миллион доллар қарз додааст;
- Ширкати Winshun Trade Limited (беларусиву чинӣ), ки пештар бо қочоқи “пойҳои мурғ” машҳур буд, зиёда аз 10 миллион доллар ҷудо кардааст.
- Ширкатҳои русии "Домино" ва "Беван" пулҳои камтар додаанд.
То лаҳзаи нашри таҳқиқот, "Комплекс-Инвест" барои сохтмони маҷмааи боҳашамат дар ҳудуди деҳаи истироҳатии "Красная поляна" дар Сочи ба камияш 19,5 миллион доллар сарф кардааст.
Хабарнигорони Маркази Таҳқиқотии Беларус кӯшиш карданд, ки бо намояндагони ширкат ва шахсони наздик бо он дар бораи соҳиби воқеии маҷмаа ва сарчашмаи пулҳо гап зананд, аммо тамоми зангҳои телефонӣ ва номаҳо бепосух монданд.