Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни асосии Тоҷикистон. Аз тақсими қудрат то шахспарастӣ

навшуда

Таҷлил аз 30-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе, 6-уми ноябри 2024. Акс аз дафтари матбуоти президент
Таҷлил аз 30-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе, 6-уми ноябри 2024. Акс аз дафтари матбуоти президент

"Масъалаи Қаҳҳор Маҳкамовро се-чор бор дар овоздиҳӣ мегузоранд, ки ба истеъфо равад. Ҳафт овоз намерасад. Оқибат, депутатҳо пешниҳод карданд, ки ба Конститутсия тағйирот ворид кардан даркор. Қаҳҳҳор Маҳкамов гуфт, ҳеч чиз накунед. Барои рафтани ман Конститутсияро тағйир надиҳед."

Ин ҳарфҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи розӣ нашудани президенти собиқ Қаҳҳор Маҳкамов ба дигар кардани Қонуни асосӣ дар рӯзи таҷлил аз 31-умин солгарди Конститутсия таблиғ мешавад. Вай ин суханҳоро 6-уми ноябри соли гузашта баён доштааст.

Қаҳҳор Маҳкамов аз соли 1990 то соли 1991 президенти Тоҷикистон буд ва бо фишори вакилони порлумон аз мансаб итеъфо дод. Эмомалӣ Раҳмон ӯро барои тасмиме ситоиш кардааст, ки худаш дар бештар аз сӣ соли ҳукуматдорӣ баръакси он рафтор кардааст.

Қаҳҳор Маҳкамов дар моҳи июни соли 2016 даргузашт
Қаҳҳор Маҳкамов дар моҳи июни соли 2016 даргузашт

Ҳадафи тағйирот чӣ буд?

Баръакси Қаҳҳор Маҳкамов, ки ба тағйири Конститутсия розӣ нашуд ва истеъфо дод, бо пешниҳоди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар сӣ соли охир се бор Қонуни асосӣ иваз шуд ва ба гуфтаи мухолифон, ҳадафи тағйирот танҳо таҳкими ҳукумати хонаводагӣ дар Тоҷикистон будааст.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумат дар хориҷ аз кишвар, мегӯяд, дар солҳои 1999 ва 2003 бо тағйир ёфтани Қонуни асосӣ Эмомалӣ Раҳмон муҳлати президентияшро тамдид кард.

"Дар тағйири соли 2016 ба Раҳмон унвони пешвои миллат ва имтиёзҳои дигар доданд ва ӯву хонаводаашро дахлнопазир карданд,” – афзуд ӯ.

Иловаи банди “Пешвои миллат” дар тағйири охири Қонуни асосӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи идораи якумраи кишварро дод. Ҳатто дар сурати канор рафтан аз мансаби президентӣ раҳбари ояндаи кишвар аз ӯ итоат хоҳад кард.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯяд, ҳама дигаргунӣ дар Қонуни асосӣ бо ҳадафи "таҳкими ҳокимияти шахсӣ ва ҳокимияти хонаводагӣ ва ба мерос гузоштани ин ҳокимият ба хонавода буд".

"Агар ба тағйирот дар сӣ соли ахир аҳамият диҳед, ҳам тамдид кардани мӯҳлати президентӣ, поин бурдани синни номзад ба мақоми президентӣ, барои фарзандаш, ҳама барои таҳкими ҳукумати хонаводаӣ буд," -- гуфт ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Чӣ дигар шуд?

Сарқонуни Тоҷикистон дар ду тағйири аввал муҳлати президентиро аз ду панҷсола ба ду ҳафтсола тағйир дод ва дар охирин дигаргунӣ онро бемаҳдуд карду ба Эмомалӣ Раҳмон, мақоми пешвои миллат дод ва имкон дод, ки бемаҳдуд президент интихоб шавад.

Дар ибтидои роҳ низ, дар соли 1994, пас аз ду соли низоми порлумонӣ, ки амалан ҳукумат дар ихтиёри Эмомалӣ Раҳмон, раиси порлумони он замон буд, бо тағйири Конститутсия низоми порлумонӣ ба низоми президентӣ табдил ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон ин тағйирро “наҷоти Тоҷикистон” донистааст. Зоҳиран, тавсифаш аз истеъфои Қаҳҳор Маҳкамов танқиди порлумони он замон буд, ки ваколатҳои зиёд дошту ҳатто ҳақ дошт, президентро барканор кунад. Сохте, ки пас аз ду соли раҳбари Шӯрои олӣ будани Эмомалӣ Раҳмон тағйир ёфт. Дар ин сохтор президент тасмимгирандаи ниҳоӣ аст ва порлумон нақши камранге дорад.

Раҳмон дар суханронии соли гузаштааш гуфтааст, ки “агар ҳамин институт намешуд, на иқтисод рушд мекард, на миллат сарҷамъ мешуд.”

“Нимпрезидентӣ ва нимпорлумонӣ”

Мухолифон тағйири низоми давлатдориро дар аввалин тарҳи Қонуни асосӣ оғози ҳукумати худкома медонанд. Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, гуфт, агар сохти давлатдорӣ порлумонӣ мешуд, Эмомалӣ Раҳмон бо чунин суръат Тоҷикистонро ба як давлати худкома табдил дода наметавонист. Ӯ гуфт:

"Сохтори порлумонӣ тавозуни давлатдориро дар тамоми шохаи ҳокимият таъмин мекард ва иҷозат намедод, ки як нафар ҳокимиятро ғасб кунад ва ҳокимиятро хонаводагӣ кунад. Ин зидди ниятҳои Эмомалӣ Раҳмон буд ва барои ҳамин инро тағйир доданд."

Мухолифон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон вакилони порлумонро, ки аз нигоҳи қонун бояд ба президент итоат накунад, ба як фармонбардори раҳбари кишвар табдил дод.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯяд, кишварҳои зиёде ҳаст, ки бо доштани сохти порлумонӣ ё президентӣ роҳи демократиро пеш гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, муҳим сохти давлатдорӣ нест, балки риояи қонунҳо аст, ки аслан дар Тоҷикистон риоя намешаванд. Ӯ гуфт:

"Сохти давлатдории нимпрезидентӣ ва нимпорлумонӣ мусоидтар мебуд. Аммо муҳимтарин нукта ин аст, ки то куҷо ин давлат демократӣ аст ва ҳокимият аз мардум вобаста аст. Дар шароити кунунии Тоҷикистон шумо ҳар сохти давлатдориро қабул кунед, натиҷааш ҳамон мешавад, ки ба нафъи як нафар ва як хонавода ва мардум ҳамон гуна беҳуқуқ боқӣ хоҳад монд."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин кишвар демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст ва Қонуни асосӣ онро замонат медиҳад. Созмонҳои байнулмилалӣ ва баъзе аз кишварҳои ғарбӣ, баръакс, ҳукумати Тоҷикистонро худкома ва саркӯбгар меноманд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Сарқонуни Тоҷикистон 31-сола шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG