Ин як чархиши ошкор дар сиёсатҳои ӯ ба унвони яке аз пуштибонҳои деринаи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба шумор меравад.
Иттиҳоди Аврупо, ки аз 27 кишвар иборат аст, дар баробари ҷанги Исроил ва Фаластин амиқан дучори ихтилофҳо аст ва ҳанӯз маълум нест, оё аксарияти кишварҳои аъзо аз ин таҳримҳо пуштибонӣ хоҳанд кард ё не.
Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", Урсула вон дер Лейен рӯзи 10 август ҳамчунин аз ташкили "Гурӯҳи кӯмакрасони Фаластин" дар моҳҳои оянда барои бозсозии Ғазза, хабар дод.
Ӯ гуфт, "ҳодисаҳои Ғазза ва ранҷи кӯдакон ва хонаводаҳо, виҷдони ҷаҳонро такон додааст".
Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назари гурӯҳи "Ҳамос" аст, эълон кард, ки аз 22 август то кунун 124 фаластинӣ, аз ҷумла, 24 кӯдак бинобар камғизоӣ, ҷон бохтанд.
Урсула вон дер Лейен дар порулмони Аврупо таъкид кард, "барқасдона гурусна нигоҳ доштан, ҳаргиз набояд силоҳи ҷанг бошад. Ба хотири кӯдакон, ба хотири инсоният, ин бояд поён ёбад".
Ин суханон бо ташвиқи вакилон рӯбарӯ шуд.
Дар вокуниш Гидеон Саар, вазири корҳои хориҷии Исроил дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки Урсула вон дер Лейен "таслими фишорҳое шудааст, ки робитаҳои Исроил ва Аврупоро заъиф мекунад" ва ин иқдом "Ҳамосро ҷасуртар хоҳад кард".
Ин мавзеъгирӣ як рӯз пас аз ҳушдори артиши Исроил ба сокинони шаҳри Ғазза барои холӣ кардани минтақа аст.
Исроил ин бахшро охирин пойгоҳи аслии гурӯҳи "Ҳамос" медонад. Ҷойе ки садҳо ҳазор нафар аз мардуми Фаластин ҳамчунон дар шароити сахт ва қаҳтӣ зиндагӣ мекунанд.
Ҳудуди як миллион фаластинӣ, яъне ниме аз ҷамъияти Навори Ғазза, дар шимоли ин минтақа ба сар мебаранд.
Урсула вон дер Лейен ҳамчунин гуфт, қасд дорад ҳимояти молии Комиссияи Аврупо аз Исроилро қатъ кунад.
Ӯ шарҳ дод, ин иқдом ниёз ба таъйиди 27 кишвари узв надорад ва шомили ҳамкорӣ бо ниҳодҳои мадании Исроил, нахоҳад шуд.
Ҷанги навбатӣ дар Ғазза миёни фаластиниҳо ва Исроил рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва беш аз 250 нафар ба гарав бурда шуданд.
Бинобар гузориши ниҳодҳои тандурустии Ғазза, ки зери назорати "Ҳамос" мебошанд, аз он замон то кунун беш аз 63 ҳазор фаластинӣ дар ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил кушта шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъҳо, шумори зиёде аз кушташудаҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.
Гуфтугӯ