Як комиссиюни таҳқиқотии СММ рӯзи 16 сентябр ба ин хулоса омад, ки Исроил дар Ғазза даст ба “наслкушӣ” задааст ва мақомоти баландпояи Исроил, аз ҷумла нахуствазир Бенямин Нетаняҳу “ин амалҳоро таҳрик додаанд”. Оҷонсии Рейтерс рӯзи 16 сентябр навишт, комиссиюн миқёси кушторҳо, масдуд кардани ёриҳо, ихроҷи маҷбурӣ ва хароб кардани беморхонаи табобати безурётиро чун намунаи иттиҳоми наслкушӣ мисол оварда мавқеи гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқро барои тақвияти гуфтаҳояш нашр кардааст.
Нави Пиллай, раиси комиссиюни таҳқиқот оид ба минтақаи ишғолии Фаластин ва ҳам собиқ додраси Додгоҳи байналмилмилалии ҷиноятҳо гуфт: “Дар Ғазза наслкушӣ ҷараён дорад”. Ӯ афзуд, “Масъулияти ин ҷиноятҳои ваҳшатнок ба дӯши мақомоти баландпояи Исроил аст, ки маъракаи наслкуширо давоми ду соли охир бо мақсади ҳадафмандонаи аз байн бурдани гурӯҳи фаластиниён дар Ғазза ба роҳ мондааст”.
Сафири Исроил дар дафтари СММ дар Женева Даниэл Мерон гузоришро “ҷанҷолбарангез” ва “сохтакоришуда” номида гуфт, ки муаллифони он “афроди мавриди эътимоди Ҳамос” мебошанд. Ҳамосро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ меноманд.
Мерон ба хабарнигорон гуфт: “Исроил навиштаҳои тӯҳматбарангези имрӯзаи ин комиссиюнро қотеона рад мекунад”. Рейтерс мегӯяд, Исроил ҳамкорӣ бо ин комиссиюнро ҳам рад карда буд.
Таҳлил аз 72 саҳифа иборат аст ва то ҳол аз сахттарин интиқодҳо дар сатҳи СММ дониста мешавад, вале ин комиссиюн мақоми мустақилро дорад ва наметавонад ба таври расмӣ СММ-ро муаррифӣ кунад. Худи СММ то ҳол аз истилоҳи наслкушӣ истифода накардааст ва ба ҳамин хотир ҳам таҳти фишори афзоянда қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки баҳси Исроил дар Додгоҳи байналмилалии адлия дар Гаага дар робита бо парвандаи вобаста ба наслкушӣ идома дорад. Исроил ҳама гуна иттиҳомҳоро дар ин замина рад карда ба ҳуқуқаш барои ҳимоят аз худ дар паи ҳамлаи 7 октябри соли 2023 таъкид мекунад. Дар он рӯз, ба иттилои Исроил, дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи Ҳамос, 1200 нафар кушта ва 251 кас гаравгон гирифта шуд.
Дар паи ҷанге, ки дар Ғазза баъди ин сар зад, ба иттилои Вазорати беҳдошти минтақа, 64 ҳазор нафар кушта шуд ва қисме аз сокинонаш аз гуруснагии шадид азият мешаванд.
Эъломияи соли 1948-уми СММ оид ба наслкушӣ, ки дар робита бо куштори яҳудиҳо аз ҷониби режими нозиҳои Олмон дар Ҷанги дуюми ҷаҳон қабул шуд, наслкуширо чун ҷиноят “бо мақсади қисман ё пурра хароб кардани як миллат, қавм, гурӯҳи нажодӣ ё динӣ арзёбӣ мекунад”. Барои эътирофи ин ки наслкушӣ содир шудааст, вуҷуди яке аз ин амалҳо кофӣ мебошад.
Комиссиюни СММ мегӯяд, ки Исроил даст ба чор амали ин мафҳум задааст: куштор, осеби ҷиддии ҷисмонӣ ё равонӣ, махсусан шароите эҷод кардааст, ки ҳадафаш қисман ё пурра хароб кардани фаластиниҳо мебошад ва тадбирҳое ҷорӣ кардааст, ки мақсадаш пешгирӣ аз таваллуд аст.
Хулосаҳои ин комиссиюн бар пояи сӯҳбатҳо бо ҷабрдидаҳо, шоҳидон, табибон, санаду ҳуҷҷатҳои боз ва дастраси расмӣ, аксҳои маҳвораӣ бунёд шудааст, ки аз замони шурӯи ҷанг ҷамъоварӣ шудааст.
Комиссиюн инчунин гуфтааст, ки изҳороти Нетаняҳу ва дигар мақомот “далели мустақими нияти наслкушӣ”-ро доранд. Он ба як номае ба сарбозони Исроил дар моҳи ноябри соли 2023 ишора мекунад, ки дар он амалиёти Ғазза, ба қавли комиссиюн, “ҷанги муқаддаси пурра нобуд кардан” дар Инҷили яҳудӣ сифат дода шудааст. Дар гузориш инчунин номи президенти Исроил Исҳоқ Ҳерзог ва собиқ вазири дифоъ Йоав Галлант ҳам оварда шудааст.
Нави Пиллай, раҳбари додгоҳи СММ барои Руанда, ки он ҷо соли 1994 беш аз 1 миллион нафар кушта шуд, гуфт, ин ду ҳолат ба ҳам монанд ҳастанд. “Вақте ман ба ҳодисаҳои наслкушӣ дар Руанда нигоҳ мекунам, онҳо бисёр, бисёр монанд ҳастанд. Шумо қурбониёни худро ғайриинсонӣ ҷилва медиҳед. Онҳо ҳайвон ҳастанд, бинобар ин беинсофона онҳоро мекушед”, гуфт Пиллай. Ӯ, ки моҳи ноябр бояд аз мақомаш канор равад, изҳори умедворӣ кардааст, ки гузориш “барои боз кардани мағзҳои сари давлатҳо” мусоидат мекунад.
Гуфтугӯ