Ал-Гуна, шаҳре дар соҳили мисрии баҳри Сурх, тақрибан ҳамсоли истиқлоли Тоҷикистон аст. Дар ин бисту чанд сол дар ин гӯшае замоне биёбону комилан нообод шаҳре чунон пуршукӯҳ бунёд кардаанд, ки "Венетсияи Машриқ" ва ҳатто “ҷаннати рӯи замин” номаш мебаранд. Дар ҳоле ки Тоҷикистон то ҳол талош дорад ба сатҳи рушди иқтисодии соли 1990-аш баргардад ва дар асри 21 ҳамчунон бо мушкилоте, чун бебарқиву бегазӣ дастбагиребон боқӣ мемонад.
Тоҷикистону Ал-Гуна - ин ду гӯшаи аз ҳам хеле дури дунё - аз соли 1990 ба ин сӯ ду роҳи комилан мухталифи рушдро тай кардаанд.
Соли 1990. Як регзори хушку холӣ ва бе ягон долу дарахт дар соҳили баҳри Сурх. Миллиардери мисрӣ Самӣ Совирис барои бунёди шаҳри орзуяш - Ал-Гуна - ҳамин гӯшаи ноободро интихоб кард. Дуруст ҳамон сол артиши Шӯравӣ дар Душанбе ошӯби мардумро бо зӯр саркӯб кард ва Тоҷикистон бори аввал дар 70 соли зиндагиаш дар Иттиҳоди Шӯравӣ шоҳиди хунрезӣ шуд. Бехабар аз он ки ҳамагӣ ду сол баъд хунрезиҳо дар ин кишвар сурати боз ҳам мудҳиштари як ҷанги комили шаҳрвандиро хоҳанд гирифт.
Самӣ Совирис
Соли 1991. Самӣ Совирис барои сохтани армоншаҳри худ меъморон аз Амрикову Итолиё ва беҳтарин меъморони мисриро даъват кард. Тоҷикистон дар ҳамин сол бо як мероси бузурги иборат аз ҳазорон корхонаи саноативу кишоварзӣ ва тиҷорӣ аз Шӯравӣ ҷудо шуд.
Соли 1992. Ширкати Orascom Development-и Совирис нахустин меҳмонсароҳо дар Ал-Гунаро баланд кард. Тоҷикистон дар ин сол ба гирдоби ихтилофҳои сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандие фурӯ рафт, ки 5 соли тамом тӯл кашид ва бо қариб 100 0000 куштаву 1 миллион гурезааш иқтисоди валангореро боқӣ гузошт.
Соли 1997. Ҷонибҳои ҷанги Тоҷикистон билохира сулҳ бастанд ва умеде дар дили мардум шӯъла зад, ки ҳама солҳои сиёҳи бебандуборӣ ва камбарқиву камгазӣ дигар пушти сар шуданд. Бехабар аз он ки ин мушкил дар асри 21 низ гиребони ин мардумро сар нахоҳад дод.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Миллиардери мисрӣ шаҳр бунёд кард
Дар ҳамин давра дар Ал-Гуна тибқи тарҳи меъмори амрикоӣ Майкл Грейвс меҳмонсароҳои Sheraton, Steigenberg ва минтақаҳои маскунии Golf Аpartments ва Golf villas, бо тарҳи меъмори итолиёӣ Алфредо Фреда ва бо услуби тосканӣ минтақаи низ маскунии Hill villas қомат афрохта, меъморони мисрӣ Шаҳоб Мазҳар, Рамӣ Даҳон ва Аҳмад Ҳамдӣ тарҳи маҳаллаҳои нави Abu Tig Marina, White Villas ва Nubian Villas-ро ҷомаи амал пӯшонданд. Шаҳри орзуҳои Самӣ Совирис бо 10 ҷазирае, ки бо каналҳову пулҳо аз ҳам ҷудо шудаанд, ба сурати умум нусхаи Венетсия шудааст ва Ал-Гунаро “Венетсияи Машриқ” ва “Дурдонаи баҳри Сурх” ҳам ном мебаранд.
Тасвире аз Ал-Гуна
Соли 2013. Ал-Гуна имрӯз бо 15 000 аҳоливу 17 меҳмонсарояш ҳар рӯз то 3 000 ва дар сол дар маҷмӯъ беш аз 1 миллион сайёҳро аз саросари дунё мизбонӣ мекунад. Аммо аз Тоҷикистон, ки шумори аҳолиаш ҳафтае пеш ба 8 миллион расиду масоҳаташ ҳам аз Ал-Гуна 3838 маротиба зиёдтар аст ва бо кӯҳҳои сарбафалаки Помиру баландтарин милаи парчами дунёаш меболад, солона ҳатто камтар аз 200 000 сайёҳ дидан мекунанд.
Ба ҳисоби як созмони байналмилалӣ, ширкатҳои тоҷикӣ дар минтақаҳои оффшор то 6 миллиард долларро пинҳон кардаанд, вале касе аз сармоядорони тоҷик то кунун мисли Самӣ Совирис ба сохтани чунин як шаҳри орзу дар худи Тоҷикистон ҷуръат намекунад.