Мақомот гуфтанд, издивоҷи ноболиғон дар Тоҷикистон “аз байн нарафтааст”

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти расмии Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки бо вуҷуди саъю кӯшиш барои роҳ надодан ба издивоҷи духтарони ноболиғ ин зуҳурот ҳанӯз аз байн нарафтааст.

Бино ба омори расмии Вазорати адлия, ки рӯзи 2-юми ноябр ба дасти Радиои Озодӣ расид, дар 5 соли гузашта ба иттиҳоми ба шавҳар додани ноболиғон 18 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Аз соли 2017 то соли 2022 ҳамчунин 10 нафарро барои издивоҷ бо духтароне, ки ҳанӯз синнашон ба 18 нарасидааст, ҷазо додаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, омори издивоҷ бо духтарони ноболиғ бештар аз нишондоди расмист.

Дар Тоҷикистон синни расмии издивоҷ 18-солагист. Ҳукумат гуфтааст, барои роҳ надодан ба ин гуна ҷиноят ба додситонӣ дастур додааст, аз роҳи тарғиботу фаҳмондани қонун издивоҷи ноболиғонро аз байн барад.