Дар Непал, ки ошӯбу бетартибиҳои оммавӣ сабаби истеъфои ҳукумат шуданд, назму тартиботро дар пойтахти кишвар шаҳри Катманду, сарбозони артиш таҳти назорат гирифтаанд. Рӯзи 10-уми сентябр фурудгоҳи байналмилалии шаҳр дигарбора корашро аз сар гирифт.
Артиш аз мардуми норозӣ хост, назму тартибро риоят кунанд ва дар музокирот дар бораи ояндаи кишвар ширкат варзанд. Дар бораи ингуна музокирот аз ин пештар раиси ҷумҳури Непал низ суҳбат кард. Рӯзи чаҳоршанбе ҳеч гузорише дар бораи зӯровариву хушунат аз ин кишвари осиёӣ нарасид.
Дар чанд рӯзи гузашта, дар натиҷаи бархӯрди тазоҳургарон ва маъмурони интизомӣ дар Непал беш аз 25 нафар кушта ва 600 каси дигар захмӣ шуданд. Рӯзи 9-уми сентябр тазоҳургарон дар Катманду ба биноҳои ҳукумат юриш бурда, бисёре аз онҳоро оташ заданд, аз ҷумла хонаҳои вазирон ва узви ҳукумати Непалро. Баъзе аз мақомоти баландпояро ҳам латукӯб кардаанд.
Баъди ин ҳукумати Непал корашро қатъ кард ва нахуствазиру чанд вазири дигар аз мақомҳояшон истеъфо доданд. Бастани шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла паёмрасонҳо сабаби тазоҳуроти олуда ба хушунат шуд, агарчӣ ҳукумат қарор дар бораи маҳдуд кардани дастрасӣ ба онҳоро беэътибор сохт. Аммо тазоҳургарон мегуянд, ки на танҳо қарори бастани шабакаҳои иҷтимоӣ, балки ришвахориву фасод дар Непал онҳоро норозӣ кардааст.