Узбекистон гуфт, ки чархболҳоро ба Толибон намедиҳад. Талаби нави Кобул аз Душанбе ва Тошканд

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гузоришҳо дар бораи бозпас додани чархболҳоеро, ки баъди суқути ҳукумати пешин дар Афғонистон ба ин кишвар оварда шуда буданд, рад кард.

Расонаҳои Афғонистон ахиран гузориш доданд, ки мақомоти Узбекистон мувофиқат кардаанд, ки "57 чархболи низомӣ"-ро, ки дар моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон бурда шуда буданд, ба ин кишвар бозгардонанд.

Аҳрор Бурҳонов, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар сӯҳбат бо расонаҳои ин кишвар, аз ҷумла, "Газета.ру", гузориши расонаҳои Афғонистон дар бораи мувофиқати ин кишвар бо бозгардонидани 57 чархболи низомӣ ба Афғонистонро рад кардааст.

Ӯ дар суҳбат бо ин расона гуфтааст,"ин гузоришҳо воқеият надоранд. Мавзеи Узбекистон дар ин масъала тағйир накардааст ва гузоришҳои нашршуда "ҷаълӣ" ҳастанд".

Қаблан Kabul Times ба нақл аз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон навишта буд, ки Тошканд бо бозгардонидани чархболҳо ба Афғонистон, мувофиқат кардааст.

Ҳукумати "Толибон" борҳо аз Тоҷикистон ва Узбекистон талаб кардааст, ки ин ҳавопаймоҳоро ба Кобул бидиҳанд, аммо ду кишвар ин талабро нодида гирифтанд. Мақомдорони амрикоӣ борҳо гуфтаанд, ин чархболҳо моли ИМА ҳастанд ва ин кишвар тасмим мегирад, ки онҳоро ба кӣ бидиҳад.

Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон Амирхон Муттақӣ рӯзи 11 сентябр дар нишасте бо дипломатҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар Кобул бори дигар аз Узбекистон ва Тоҷикистон хост, ин таҷҳизотро ба Афғонистон бозгардонанд.

Ӯ гуфтааст, "аз он кишварҳое, ки чаҳор сол пеш, пас аз таҳаввулот, бахше аз чархболҳои кишварро мунтақил карда ва ба бархе кишварҳои ҳамсоя бурданд, мехоҳем, ки ин чархболҳо дубора ба афғонҳо супурда шаванд, то дар амалиёти башардӯстона истифода шаванд".

Моҳи августи соли 2021 ва пеш аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон, низомиёни афғонистонӣ бо даҳҳо ҳавопаймо ва чархбол ба Узбекистон фирор карданд. Чанд халабони афғонистонӣ бо ҳавопаймо ва чархболҳо ба Тоҷикистон ҳам фирор карда буданд.

Вазорати дифои Амрико гуфта буд, ки дар пайи суқути ҳукумати пешини Афғонистон, 46 ҳавопаймо ба Узбекистон ва 18-тои дигар ба Тоҷикистон парвоз карданд.

"Садои Амрико" дар моҳи феврали имсол гузориш дода буд, ки Узбекистон 7 чархболи Black Hawk-ро, ки баъди суқути ҳукумати Афғонистон ба ин кишвар оварда шуда буданд, ба Амрико баргардондааст.

Сафири Амрико дар Узбекистон Ҷонатан Ҳеник қаблан дар як мусоҳиба гуфта буд, ки Вашинтон ва Тошканд дар мавриди вазъияти ҷангандаҳо ва чархболҳои низомии артиши пешини Афғонистон, ба созиш расидаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймоҳо ҳеч вақт мутааллиқ ба афғонҳо набуда, балки ба Амрико тааллуқ доштанд, вале артиши Афғонистон аз онҳо истифода мекард.