Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар қатли як модар ва се фарзандаш дар деҳаи Дарёободи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, хабар дод. Ин ҳодиса рӯзи 5-уми сентябр рух дод ва боиси сару садоҳо дар ҷомеа ва тарсу ҳароси сокинони маҳал шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нӯҳ рӯз баъд аз ҳодиса эълон кард, ки дар пайи чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ду нафар бо номҳои А.С ва С.Н ба гумони даст доштан дар ин куштор, боздошт шудаанд. Ба иттилои ВКД, боздоштшудаҳо яке 32-сола ва дувумӣ 16-сола мебошанд.
Дар хабари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи шахсияти гумонбарон ва ангезаи ҳодиса омадааст, ки онҳо истиқоматкунандагони ҳамин деҳа буда, "бо ҳадафи дуздӣ ва ғоратгарӣ" ба ин хона ворид шуданд ва ҳангоми огоҳ шудани соҳибхона, онҳоро "ваҳшиёна", ба қатл мерасонанд.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки ин ду нафар аз қабл доғи судӣ доштанд. Ба иттилои ВКД, тафтишро додситонӣ пеш мебарад.
Назари худи ин афрод ва наздиконаш ба ин иттиҳом маълум нест. Ва низ то кунун маълум нест, ки оё онҳо бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ё не.
Мақомот мегӯянд, ки марги Шаҳло Назароваи 45-сола ҳамроҳ бо писар ва ду духтараш дар манзили истиқоматиашон рух додааст. Ба нақли ҳамсояҳо, ҷасади онҳоро баъди ду рӯз пайдо кардаанд.
Дар пайи ин ҳодиса мақомоти интизомӣ ҳамсояҳоро бозпурсӣ карда, изи ангушт гирифтанд. Бархеро ҳушдор додаанд, ки бе иҷоза бо дигарон дар ин бора сӯҳбат накунанд. Масъулони деҳа аз сокинон хостаанд, ки эҳтиёткор бошанд ва кӯдаконро беназорат намонанд.
Духтарони зан Ҳабиба ва Ҳамида, писараш Шараф ном доштанд. Писар дар синфи шашум мехондааст ва духтарон 15 ва 17-сола будаанд. Шавҳари зан, ки дар муҳоҷирати корӣ буд, баъди ҳодиса ба Тоҷикистон омадааст.
Мақомоти тафтишотӣ ҳамчунин ҳамсинфону омӯзгорони мактаберо, ки духтарони ин хонадон дар он таҳсил мекарданд, бозпурсӣ намуданд.