Гузоришҳо аз боздошти беш аз 10 муҳоҷири тоҷик дар Алмато

Муҳоҷирони тоҷик дар боздоштгоҳи пулиси Алмато.

Муҳоҷирони тоҷик бо фиристодани як навори видеоӣ мегӯянд, ки пулиси Алмато рӯзи ҷумъа шуморе аз зодагони Тоҷикистонро боздошт ва бозпурсӣ кардааст.

Дар навори видеоие, ки муҳоҷирони тоҷик рӯзи 13 сентябр ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки беш аз 10 нафар дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Фарде ки ин наворро фиристодааст, мегӯяд, ки ин муҳоҷирон пас аз намози ҷумъа аз дохил ва саҳни масҷид боздошт шуданд.

Ба нақли наздиконаш, бо вуҷуди доштани санадҳои дурусти будубош, дар ин рейд танҳо муҳоҷирони тоҷик боздошт шудаанд. Аз замони боздошти ин афрод як шабонарӯз мегузарад, вале ҳанӯз ҳам онҳоро раҳо накардаанд.

Радиои Озодӣ мустақилона дурустии гуфтаҳои фиристандагони ин наворро тасдиқ карда наметавонад.

Мақомоти қазоқ ҳанӯз сабаби боздошти ин шаҳрвандони Тоҷикистонро шарҳ надодаанд. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳам ҳанӯз дар робита ба ҳодиса, ибрози назар накардааст.

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Бо афзоиши таъсири таҳримҳои байнулмилалӣ болои Русия ва коҳиши иқтисоди ин кишвар, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Қазоқистон рӯ оварданд. Онҳо асосан дар бозору сохтмон кор мекунанд.

Муҳоҷирон пештар аз он хушҳол буданд, ки дар муқоиса ба Русия, дар Қазоқистон таъқиби пулис ва бегонаситезӣ камтар аст. Ҳоло мегӯянд, вазъият ба Русия монанд мешавад.