Ҳушдор аз чангу хокбориш дар Тоҷикистон

Ҳавошиносони тоҷик хабар медиҳанд, ки дар се рӯзи оянда ҳавои Тоҷикистон сахт ғуборолуд хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Оҷонсии ҳавошиносии кишвар, рӯзҳои 13-16-уми сентябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳаво пур аз чангу ғубор хоҳад шуд.

Ин ниҳод сабаби хокборишу олудшави ҳаворо ба “омилҳои метеорологӣ” рабт додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба ронандагон ва сайёҳон ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёткор бошанд ва суръати ҳаракатро риоя кунанд.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо бештар об нӯшанд ва ҳавои дохили хонаро тоза нигаҳ доранд.

Ба онҳое, ки бемориҳои роҳҳои нафас ранҷ мекашанд, тавсия дода шудааст, ки дар чунин ҳавои олуда “меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳанд ва ҳамеша бо худ инглятор дошта бошанд”

Солҳои охир ҳавои гарм ва хокбориши пайдарҳам дар Тоҷикистон сабаби афзоиши бемориҳои роҳҳои нафас шудааст. Мардум аз хокбориши пайваста ва ҳавои пурчангу ғубор шикоят мекунанд.

Тоҷикистон дар қатори чаҳор кишвари ҳавояшон бисёр олуда ё нопок дар ҷаҳон қарор гирифтааст. Ба гуфтаи масъулони Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, пайдо шудани хокбодҳо аз ҳарорат, набудани бориш ва самту суръати шамол вобаста аст. Ба Тоҷикистон хокбодҳо асосан аз самти ҷанубу ғарб меоянд.