Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо IJF, дар ин мусобиқот миёни ҷавонон 198 варзишгар (106 писар ва 92 духтар) аз 20 кишвари қора иштирок доранд.
Тоҷикистонро дар рӯзи аввали мусобиқот 4 нафар (3 писару 1 духтар) муаррифӣ карданд: дар сабқати писарон - Икром Шамсов дар вазни то 60 кило, Умар Шеров дар вазни то 66 кило, Муҳаммадин Лоиқов дар вазни то 73 кило; миёни духтарон - Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило.
Мадина Қурбонзода, ки бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Ҷиҳо Баек аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо шуда, дар зергурӯҳи “С” пирӯз гардид. Аммо вай дар даври ниманиҳоӣ аз Яй-Ҳси Шен аз Тайпейи Чин мағлуб шуд. Мадинаи 17-сола барои медали биринҷӣ Чану Леишангтеми 19-соларо аз Ҳиндустон шикаст дод.
Икром Шамсов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Мин-Янг Лаи аз Тайпейи Чин, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Ҳю Ле Лам Гиа аз Ветнам пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Вале Икром дар даври ниманиҳоӣ аз Самариддин Қучқорови узбекистонӣ ноком шуд. Паҳлавони ҷавони тоҷик барои медали биринҷӣ бар Сидҳарз Рават аз Ҳиндустон ғалаба кард.
Умар Шеров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Темурбаатар Бахтичиги муғул ғолиб омад. Аммо дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Дилшодбек Ҳамроеви узбекистонӣ мағлуб гардид. Умар дар даври тасаллобахш Муҳаммад Фатур Роҳманро аз Индонезия ва Алӣ Болатро аз Қазоқистон шикаст дод. Аммо Шеров барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Ерассил Ержанови қазоқистонӣ бохт ва мақоми панҷумро касб намуд.
Муҳаммадин Лоиқов бошад, дар даври аввал Баиел Исоқовро аз Қирғизистон мағлуб намуда, баъдан аз Бунёд Сафарови узбекистонӣ ноком шуд. Лоиқов дар даври тасаллобахш аз Муҳриддин Маъруфови узбекистонӣ шикаст хӯрд.
Дар рӯзи дуюми мусобиқот байни ҷавонон – 14-уми сентябр - Тоҷикистонро боз ду нафар муаррифӣ хоҳанд кард. Дар сабқати писарон Абдулло Лоиқов дар вазни то 81 кило ва Суруш Саломов дар вазни то 90 кило рақобат мекунанд.
Пас аз натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқоти ҷавонон дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Узбекистон бо касби 9 нишон (3 тилло, 3 нуқра ва 38 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шудааст. Мунтахаби Ҳиндустон бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Қазоқистон бо касби 5 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи сеюмро азони худ кардаанд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 2 медали биринҷӣ ва як мақоми панҷум дар байни 20 даста дар зинаи ҳафтум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд, чаҳор медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо IJF, дар ин мусобиқот миёни наврасон 196 варзишгар (111 писар ва 85 духтар) аз 21 кишвари қора иштирок доштанд.
Тоҷикистонро дар мусобиқоти наврасон чаҳор нафар (3 писару як духтар) муаррифӣ намуданд. Рошид Неъматов, Бобоҷон Шаропов, ҳарду дар вазни то 73 кило, Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кило дар сабқати писарон ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило миёни духтарон рақобат карданд.
Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило дар даври ниҳоӣ Нигина Умурзоқоваро аз Узбекистон мағлуб намуда, бо медали тилло сарфароз гашт. Дарвоқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни духтарон аст.
Рошид Неъматов дар вазни то 73 кило дар даври ниҳоӣ бар ҳамватани худ Бобоҷон Шаропов пирӯз шуд. Шаропов бо медали нуқра сарфароз гашт. Абубакр Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кило барои медали биринҷӣ бар гуштигири муғул Мунгундул Батҷаргал дастболо шуд.
Дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Узбекистон бо касби 18 нишон (7 тилло, 3 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 7 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Қазоқистон бо касби 14 медал (2 тилло, 4 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғолДар рӯзи дуюми мусобиқот карданд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар байни 21 даста чаҳорум шуд.