Мулоқоти Толибон бо намояндагони ИМА рӯзи 13-уми сентябр баргузор шуд ва Толибон бо нашри акс аз ҷарраёни гуфтугӯи Адам Бойлер, намояндаи вижаи Амрико дар умури гаравгонҳо ва Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон дар ин бора хабар доданд. Мақомоти Толибон гуфтанд: “Адам Бойлер дар робита ба масъалаи боздоштшудаҳо дар Афғонистон ва Амрико сӯҳбат карда гуфт, ҳарду кишвар зиндониёнро мубодила хоҳанд кард.”
Аммо Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида рӯзи шанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон эҳтимоли ба зудӣ сурат гирифтани мубодилаи зиндониёнро тайид накард. Вай танҳо гуфт, ки фиристодаи вижаи Амрико дар умури гаравгонҳо, барои “баррасӣ ва омӯзиши роҳу имкониятҳо”барои табодул ба Кобул сафар кардааст.
“Намояндаи вижаи мо дар умури боздоштшудаҳои ғайриқонунӣ муддатест, ки гуфтугӯ анҷом медиҳад. Фикр мекунам ба он ҷо рафт, то баррасӣ кунад, ки чӣ имкониятҳо вуҷуд дорад. Тасмими ниҳоиро дар бораи муомила ё табодул раиси ҷумҳур хоҳад гирифт.” - афзуд, вай.
Ҳамдулло Фитрат, сухангӯи ҳукумати Толибон дар саҳифаи X хабар додааст, ки "ҳарду ҷониб таъкид карданд, ки ба баррасии масоили мухталиф ва ояндаи равобити дуҷониба, ба хусус шаҳрвандоне, ки дар ҳарду кишвар зиндонӣ ҳастанд, идома хоҳанд дод."
Залмай Халилзод, намояндаи пешини амрико дар умури сулҳи Афғонистон, ҳайати Амрикоро дар сафараш ба Афғонистон ҳамроҳӣ мекунад. Ӯ то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.
Вазорати хориҷаи Толибон дар баёнияе гуфтааст, ки дар ин гуфтугӯҳо равобити дуҷониба бо Амрико ва зарурати идомаи гуфтушунид, ба хусус дар масъалаи табодули зиндониён баррасӣ шудааст.
Дар изҳорот дар бораи теъдоди зиндониён дар ду кишвар, ҳуввияти онҳо ва сабабҳои боздошт чизе гуфта нашудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Трамп фармони муҷозоти кишварҳои боздошткунандаи шаҳрвандони ИМА-ро имзо кардМаҳмудшоҳи Ҳабибӣ, шаҳрванди 37-солаи Амрико, ки дар ҳукумати пешини Афғонистон ба ҳайси раиси Идораи ҳавонавардӣ кор мекард, аз маъруфтарин амрикоиҳоест, ки гуфта мешавад дар Афғонистон зиндонӣ ҳастанд.
Сарнавишти Ҳабибӣ аз замони боздошташ дар моҳи августи соли 2022 рӯшан нест ва Толибон мегӯянд, ӯ дар дасти онҳо нест.
Хонаводаи Ҳабибӣ мегӯянд, ки Толибон ӯро ба гурӯҳи террористии Ал-Қоида супурдаанд. Амрико барои пайдо кардани ӯ 5 миллион доллар ҷоиза ваъда карда буд.
Ҷорҷ Голзмани 66-сола, амрикоии дигаре, ки ба ҳайси муҳандиси ширкати ҳавопаймоӣ кор мекард, ҳангоми сафари қаблии Боҳлер ба Кобул дар моҳи март пас аз беш аз ду соли боздошт раҳо шуд.
Вай севвумин амрикоист, ки баъд аз бозгашти Доналд Трамп ба курсии президентӣ дар моҳи январ аз зиндони Толибон раҳо шуд.
Аз замони сарнагунии ҳукумати пешини Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 ва бозгашти дубораи Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон, даҳҳо шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудааст.