Ба корҷӯёни тоҷик забони ҷопонӣ меомӯзанд

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон давраҳои омӯзишии забони ҷопониро ба роҳ мондааст. Ҳадаф аз ин иқдом таъмини шароит барои муҳоҷирати бехатар ва ҷойҳои кории беҳтар гуфта шудааст.

Дар ин бора дафтари Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон рӯзи 13 уми сентябр хабар дода, гуфтааст, давраҳои омӯзиши моҳи июл шурӯъ шудаанд. Ба иттилои ин созмон як давраи омӯзишӣ аз 6 моҳ иборат буда, ин иқдом кори онҳоеро, ки мехоҳанд, барои кор ба Ҷопон сафар кунанд, осон хоҳад кард.

Дар доираи ин барнома ба хоҳишмандон забону фарҳанг ва вижагиҳои зиндагӣ дар Ҷопон омӯзонида мешавад. Ба гуфтаи муттахасисони Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, ин иқдом раванди муҳоҷиратро амну роҳат хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз мулоқоти сафири Ҷопон бо масъулини ин ниҳод хабар додааст. Ин мулоқот рӯзи 12-уми сентябр баргузор шуда, дар он раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи бехатарӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар баррасӣ шудааст. Кэйко Фуруда, сафири Ҷопон дар ин мулоқот ба ҳамкории беҳтар дар самти муҳоҷират изҳори умедворӣ кардааст.

Мақомоти тоҷик солҳои ахир дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нав барои фиристодани муҳоҷирони кориянд ва бештар аз талошҳо барои тағйири самти муҳоҷирату коҳиши пойбанди аз бозори кори Русия суҳбат мекунанд.

Сабаб ба гуфтаи коршиносон афзоиши бозгашту ихроҷи муҳоҷирони зиёд аз Русия дар ду се соли ахир аст. Ҳоло корҷӯён аз Тоҷикистон дар баробари Русия бештар ба Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ Бритониё ва баъзе аз кишварҳои арабӣ муҳоҷират мекунанд.