Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба пойтахти Қатарро маҳкум карда, онро "таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзӣ"- Қатар гуфтааст.
Президенти Тоҷикистон 15-уми сентябр дар нишасти саронии кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Давҳа гуфт, кишвараш "амали таҷовузкоронаро, ки поймолкунии дағалонаву ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усулҳои бунёдии Оинномаи Созмони Милал" мебошад, "қотеона маҳкум" мекунад.
Пеш аз ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ҳамлаи Исроил ба пойтахти Қатарро маҳкум карда буд.
Нерӯҳои ҳавоии Исроил рӯзи 9 сентябр ба қароргоҳи гурӯҳи "Ҳамос" дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар ҳамла карданд. Гурӯҳи "Ҳамос" дар баёнияе эълон кард, ки дар ин ҳамла 5 тан аз аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла, писари раҳбари ҳайати музокиракунандаи ин гурӯҳ Халил Ҳайя ва раиси дафтари ӯ, кушта шуданд. Аъзои ҳайати музокиракунандаи "Ҳамос" аз ин ҳамла ҷони солим бадар бурдаанд.
Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ин ҳамлаи Исроилро маҳкум карданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчунин аз он нигаронӣ кардааст, "дар тӯли ду соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Навори Ғазза аст ва ҳанӯз ҳам ормонҳои мардуми Фаластин мавзӯи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ боқӣ мондаанд".
Ҷанги навбатӣ миёни фаластиниҳо ва Исроил рӯзи 7 октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Тибқи оморҳои Исроил, ҳар ин ҳамла "Ҳамос" 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 251 тани дигарро ба гарав бурд.
Бар асоси эълони мақомоти маҳаллии фаластинӣ, аз он замон то кунун беш аз 64 ҳазор нафар, ки аксарашон ғайринизомӣ ҳастанд, дар ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза кушта шудаанд.