Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия вазъи муҳоҷиронро баррасӣ карданд

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия.

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия мавзӯи шароити муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кардаанд. Ин дидор дар шароите баргузор мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик аз мавҷи нави рейдҳои пулис дар Русия шикоят доранд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо Владимир Колоколтсев 17-уми сентябр дар Чин баргузор шудааст. Ба қавли манбаъ, ду тараф дар бораи "масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар намудани шароит ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия", сӯҳбат кардаанд.

Аммо ҷузъиёти бештар аз ин вохӯрӣ нашр нашудааст ва барои ҳамин маълум нест, ки ду тараф дар бораи беҳтар кардани вазъи муҳоҷирони тоҷик ба чӣ хулоса расидаанд.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз рейдҳои пулиси Русия ва кӯмак нагирифтанашон аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир зиёд шудааст. Пас аз ба анҷом расидани мӯҳлати қонунигардонии муҳоҷирон дар рӯзи 10-уми сентябр, мақомоти Русия ба рейдҳои сартосарии пур аз хушунат даст задаанд.

Пештар мақомоти Русия гуфта буданд, ки беш аз 700 ҳазор муҳоҷир дар ин кишвар санади дуруст барои ҳузур дар ин кишварро надоранд ва агар то 10-уми сентябр санадҳояшон аз нав таҳия нашаванд, аз кишвар ихроҷ мешаванд. Дар фурудгоҳи "Внуково" ҳам гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро нагузоштаанд вориди Русия шаванд.