Бо фаро расидани фасли тирамоҳ, шикояти сокинон аз қатъи барқ зиёд шудааст.
Дар ҳоле, ки Шабакаҳои тақсимоти барқ расман маҳдудият ё "лимит"-и барқ ҷорӣ накардааст, сокинон мегӯянд, рӯзона аз соати 8 то 17 ва бегоҳ аз соати 21 то субҳ барқ надоранд.
Айни ин шикоят аз ноҳияҳои Шаҳринав, Ҷайҳун, Ҳамадонӣ, Панҷ, Рӯдакӣ, Фархор ва Ҳисор ба Радиои Озодӣ расидааст.
Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи расмӣ аз идораи барқ бенатиҷа буд. Аммо дар сомонаи Шабакаҳои тақсимоти барқ ва расонаҳои давлатӣ ҳеч гуна хабаре дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудият дар кишвар нест.
Мақомот дар гузашта қатъи барқро ба таъмири дастгоҳ ва хатҳои интиқол рабт медоданд, ки бархеҳо ба он бовар надоранд.
Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз пойтахт ва маркази вилоятҳо, сокинони минтақаҳои Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд.