Додгоҳ як занро барои захмӣ кардани се фарзандаш 28 сол ҳабс кард

Додгоҳи вилояти Хатлон занеро, ки се кӯдакашро бо корд захмӣ карда буд, ба 28 сол зиндон маҳкум кардааст. Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", ҳукм 16-уми сентябр содир шуда, маълум нест, ки Юлдуз Бозорова аз болои он шикоят мекунанд ё не.

Додгоҳ Юлдуз Бозорова, сокини 24-солаи ноҳияи Қубодиёнро дар куштор бо бераҳмии махсус гунаҳкор донист. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз 15 то 25 соли зиндонро пешбинӣ кардааст, аммо маълум нест, ки додгоҳ бо кадом далел ба зан ҷазои аз ҳама вазнин таъйин кардааст.

Намояндагони Додгоҳи вилояти Хатлон бо сабаби ба қувваи қонун надаромадани ҳукм аз шарҳи он худдорӣ мекунанд.

Юлдуз Бозорова рӯзи 21-уми июн фарзандони худ Муҳаммадҷони 5-сола, Исои 4-сола ва Ҳадичаи шашмоҳаро чанд кордӣ задааст. Ҳадичаи шашмоҳа, ки аз се ҷои баданаш захм бардоштааст, рӯзи 5-уми июл дар шифохонаи ноҳияи Шаҳритус ҷон дод.

Ду фарзанди дигараш низ захмӣ шудаанд ва баъд аз муолиҷа ба наздиконашон баргардонида шуданд. Мақомот то ҳол шарҳ надодаанд, ки ин зан чаро даст ба ин кор зад. Пештар мақомот эҳтимоли бемори равонӣ будани Юлдуз Бозораваро рад карда буданд.

Қаблан низ дар Тоҷикистон модарон қасди ҷони фарзандонашонро карда буданд.