Субҳи 10 сентябр, ҳангоме, ки бесарнишин ё паҳбодҳои русӣ вориди ҳарими ҳавоии Белору шуданд ва ба тарафи марзи Лаҳистон ҳаракат карданд, як афсари низомии Белорус гӯшии хатти вижаро бардошт ва бо ҳамтои лаҳистонии худ тамос гирифт, то ба ӯ ҳушдор диҳад.
Ин бори аввал набуд.
Ва Лаҳистон ҳам танҳо ҳамсояе набуд, ки чунин тамосе аз белорусиҳо дарёфт кард. Дар Литва, ҳамсояи шимол-ғарби Белорус, низ мақомҳои низомӣ ҳушдори ба ин монанд дарёфт карданд.
Русия ҷанги паҳбодии худро алайҳи Украина шиддат бахшидааст ва ба таври рӯзафзун осмони Белорусро бо ин парандаҳои тарканда пур мекунад. Мавзӯе, ки ҳукумати Белорусро бар сари чандроҳӣ гузоштааст ва ба дардисар андохтааст.
Оё Белорус бояд тасмим бигирад паҳбодҳои русиро сарнагун кунад? Оё бо ҷанги электронӣ онҳоро дарҳам барҳам бизанад? Оё ба ҳамсоягонаш ҳушдор диҳад? Оё ҳама ин корҳоро бо ҳам анҷом диҳад? Нуктае, ки Минск бояд ин корро бе ранҷонидани Маскав анҷом диҳад, чун сохторҳои низомӣ ва амниятии Русия бо Белорус дар ҳам танидаанд.
Бар асоси баровардаҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, бар пояи изҳороти расмӣ, гузоришҳои манбаъҳои боз ва омори гурӯҳи назоратии "Belarusian Hajun"(дар моҳи феврали соли 2025 аз сӯи мақомот баста шуд), аз моҳи июли соли 2024 то кунун дастикам 700 паҳбоди русӣ вориди ҳарими ҳавоии Белорус шудаанд.
Шумори паҳбодҳое, ки аз сӯи артиши Белорус сарнагун ё раҳгирӣ шудаанд, маълум нест. Танҳо чанд ҳодиса аз сӯи ҳукумат ё расонаҳои давлатӣ эълон шудааст. Бо ин ҳол, аз июли соли 2024 то кунун даҳҳо гузориши тасдиқношуда, асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фуруд омадани боқимондаҳои паҳбодҳо дар хоки Белорус, нашр шудааст.
Аз ҷумлаи ин ҳодисаҳо, рӯйдоди 29 августи соли 2024 аст, ки дар он як ҷангандаи Белорус бархост ва як паҳбоди интиҳориро дар минтақаи ҷанубии Гомел сарнагун кард. Нахустин ҳодисаи эътирофшуда, ки дар он Минск қасдан як паҳбоди русиро раҳгирӣ кард.
Бо ин ҳол, дар аксари мавридҳо, мақомҳои Белорус на чизе гуфтаанд ва на иқдоме анҷом додаанд.
Русия аз ҳамсояи бисёр хурдтари худ барои ҷанг алайҳи Украина ва маҳалле барои ҷобаҷойии силоҳҳое, ки метавонанд НАТО-ро таҳдид кунанд, истифода кардааст.
Артем Шрайбман, таҳлилгари сиёсии белорусӣ вобаста ба Бунёди Корнегӣ барои сулҳи байналмилалӣ, мегӯяд, "ин паҳбодҳо пайваста роҳи худро гум мекунанд, вориди Белорус мешаванд ва хориҷ аз контрол парвоз мекунанд ва ин авлавияти Лукашенко аст, на Русия, ки паҳбодҳо бар сар ва боми мардуми Белорус фуруд наоянд".
Вазоратҳои дифои Лаҳистон ва Литва ба дархости Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои изҳори назар дар бораи ин мавзуъ посух надоданд. Аммо як муовини вазири дифои Литва дар изҳороте барои хабарнигорон тасдиқ кард, ки мақомҳои Белорус рӯзи 10 сентябр ҳамтоёни литвагии худро аз вуруди паҳбодҳо огоҳ кардаанд.
Каролис Алекса, рӯзи 17-уми сентябр гуфт, "иртибот бо Белорус барқарор шуд, аммо мо комилан медонем, ки Белорус на шарики мост ва на ба ҳеч ваҷҳ кишвари муттаҳиди мо. Як хатти тамоси фаврӣ вуҷуд дорад ва дар лаҳзаҳои даркорӣ аз он истифода мешавад".
ЧАРХИШИ ЛУКАШЕНКО
Лукашенко, ки беш аз се даҳа дар қудрат ва амалан берақиб будааст, миёни гушудани дарвозаҳои кишвараш ба Ғарб ва таслим шудан ба фишорҳои Маскав барои ҳамгироии наздиктар, масири душвореро дар пешрӯ дорад.
Пас аз як давраи кутоҳи кушоиш дар нахустин давраи президентии Трамп, сафари Майк Помпео ба Минск дар моҳи феврали соли 2020, нахустин сафари як вазири корҳои хориҷии Амрико тайи 26 сол буд. Лукашенко пас аз интихоботи пур аз тақаллуби моҳи августи ҳамон сол, ба сӯи Русия чархид.
Александр Лукашенко ва Владимир Путин.
Моҳҳо эътирозҳои бесобиқаи мухолифон бо саркӯби густурдаи ҳазорон эътирозгар анҷомид, ки боис шуд Лукашенко дубора ба "ҷойгоҳи манфур"-и худ бозгардад.
Ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 ҳукумати Лукашенкоро ба ларза андохт, аммо ӯ дар баробари фишорҳои Русия барои фиристодани нерӯҳои белорусӣ ба Украина муқовимат кард, то бетарафии худро ҳифз кунад. Аз бемористонҳои Белорус ба таври густурда барои табобати сарбозони захмии рус истифода шудааст.
Аммо парвози паҳбодҳои русӣ аз ҳарими ҳавоии Белорус хатари хосе барои Минск эҷод мекунад.
Алексей Ижак, таҳлилгари муассисаи миллии мулотеоти стратегӣ дар Киев мегӯяд, "як қонуни нисбатан рӯшан вуҷуд дорад: то вақте, ки Белорус аз нерӯҳои худ дар ин ҷанг истифода накунад ва сарзамини худро барои ҳамлаи ошкор ба Украина ё кишварҳои НАТО дар ихтиёр қарор надиҳад, кишвари бетараф ба шумор меравад ва касе ба Белорус даст нахоҳад зад".
Эйтвидас Баярунас, сафири пешини Литва дар Русия ва Бритониё мегӯяд, "Лукашенко эҳтимолан талош мекунад ин мавзуъ -- суқути паҳбодҳои русӣ дар дохили Белорусро пинҳон накунад, зеро намехоҳад мардуми Белорус аз Русия битарсанд ё аз он хашмгин шаванд".
Мақомҳо ҳамчунин талош кардаанд иттилоърасонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи паҳбодҳо дар ҳарими ҳавоии Белорусро контрол ё саркӯб кунанд.
Дар октябри соли 2024 як воҳиди вижаи пулис ҳамроҳ бо кормандони КГБ як занро дар шаҳри ҷанубии Калинковичи, пас аз нашри видеое дар як гурӯҳи чати шаҳрӣ аз суқути як паҳбод, ки бо дурбини мадорбастаи хонааш сабт шуда буд, боздошт карданд. Ин зан ба эҷоди ваҳшат ва нашри маълумоти нодуруст муттаҳам шуд.
ЧӢ КАСЕ ПАҲБОДҲОРО ДАРҲАМУ ПАРЕШОН МЕКУНАД?
Далели дигаре низ барои суқути паҳбодҳои русӣ дар Белорус вуҷуд дорад: Ҷанги электронӣ бо мухтал ё дарҳаму парешон кардани сигналҳо.
Чанд соат пас аз ҳодисаи паҳбодӣ, ки ҳудуди 20 паҳбод вориди ҳарими ҳавоии Лаҳистон шуданд, раиси Ситоди кулли артиши Белорус дар баёнияи ғайримаълумӣ, ки ба забони англисӣ нашр шуд, гуфт, бархе аз паҳбодҳои русӣ ҳангоми парвоз дар ҳарими ҳавоии Белорус бинобар халали электронӣ аз масир берун шуданд. Ӯ гуфт, ин паҳбодҳо тавассути системаи ҳавоии Белорус сарнагун шуданд.
Як паҳбоди русӣ бар фазои Киев. Акс аз бойгонӣ.
Ӯ нагуфт, паҳбодҳо ба кадом кишвар тааллуқ доштанд. Украина низ тавоноиҳои густурдае дар арсаи паҳбодҳо дорад ва тақрибан ҳар шаб ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳое дар Русия, анҷом медиҳад. Бо ин ҳол, як дипломат аз Литва гуфт, ба эҳтимоли зиёд ин мухтал кардани электронӣ аз сӯи Украина будааст.
Тибқи гузоришҳои манбаъҳои боз, ки масири парвози паҳбодҳо ва мушакаҳои Русияро пайгирӣ мекунанд, артиши Русия ба таври маъмул аз бахше аз қаламрави ҷануб-шарқи Белорус барои ҳадаф қарор додани Украина истифода кардааст.
Лукашенко дар моҳи сентябри соли 2024 ҳудуди ду моҳ пас аз онки як паҳбод дар наздики шаҳри ҷанубии Бабруйск суқут кард, нахустин бор ба таври ошкор ба ин мавзуъ ишора кард. Як ҷангандаи S-30 ва як чархболи Mi-24, барои раҳгирии ин паҳбод ба парвоз даромаданд.
Бо ин ҳол, ӯ иддао кард, ин як паҳбоди украинӣ будааст, ки эҳтимолан бинобар халали электронӣ суқут кардааст. Каналҳои назоратии манбаъҳои боз ин иддаоро рад карданд.
Додаҳои радёбӣ ҳамчунин нишон медиҳад паҳбодҳои русӣ гоҳе пеш аз вуруд ба ҳарими ҳавоии Украина дар марзҳои Белорус ва Украина давр мезананд ё дар имтидоди он парвоз мекунанд. Дэвид Генделман, коршиноси низомӣ аз Исроил мегӯяд, ин нишонгари мизони робитаҳо миёни артишҳои Русия ва Белорус аст.
Ба гуфтаи ин коршиноси низомӣ, "онҳо инро ошкоро намегӯянд, аммо шояд дар сатҳи низомӣ ҳамоҳангӣ вуҷуд дошта бошад ва ба ҳамин далел аст, ки ин паҳбодҳо сарнагун намешаванд".
Як коршиноси дигар аммо мегӯяд, системаи дифои ҳавоии Белорус барои ҳадаф қарор додани ҳадафҳои бузургтар -- ҳавопаймоҳо ва мушакҳо тарҳрезӣ шудааст, на ашёи хурдтаре монанди паҳбодҳо.
Ин ҳамон мушкиле аст, ки акнун Лаҳистон, Литва ва тамоми паймони НАТО бо он рӯбарӯ ҳастанд. Ба гуфтаи артиши Украина, дар даҳуми сентябр ҳудуди 415 паҳбод аз Русия ба парвоз даромад. Ҳангоме, ки шуморе аз онҳо вориди ҳарими ҳавоии Лаҳистон шуданд ва Минск ба Варшава ҳушдор дод, ҳавопаймоҳои НАТО барои раҳгирии онҳо ба парвоз даромаданд.
Ба гуфтаи дабири кулли НАТО, Марк Рутте, дар ин раҳгирӣ аз ҷумла, ҷангандаҳои F-35-и Ҳоланд, ҷангандаҳои F-16-и Лаҳистон ва як ҳавопаймои итолиёии AWACS ба ҳамроҳи як системаи дифои ҳавоии Patriot-и Олмон иштирок доштанд, яъне, ҳазинаи сангине аз ҷангафзорҳои пешрафта барои сарнагун кардани таҷҳизоте арзон.
Истифодаи Русия аз ҳарими ҳавоии Белорус барои озмоиш ё "иғво"-и аъзои НАТО -- Лаҳистон ё Литва -- фишоре бештари бар ҳукумати Лукашенко ворид мекунад. Ба хусус, барои мисол, агар НАТО тасмим бигирад пеш аз вуруди паҳбодҳои русӣ ба ҳарими ҳавоии ин паймон, онҳоро сарнагун кунад
Ба гуфтаи Алексей Ижак, таҳлилгари муассисаи мулотеоти стратегӣ дар Киев, "ин ба унвони як абзори муҳими дигар барои таъсиргузорӣ бар раҳбарии Белорус истифода мешавад. Агар онҳо хабардор набошанд, (русҳо) метавонанд шурӯъ ба кашонидани Белорус ба чунин рӯёрӯиҳои кунанд".