Путин вориди Душанбе шуд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия шоми 8-уми октябр бо сафари давлатӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Путинро дар фурудгоҳ президент Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Барномаи сафари раиси ҷумҳури Русия аз гузоштани гулчанбар бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз шуд. Қарор аст имрӯз Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон алоҳида ва баъдан бо ҳузури ҳайатҳо вохӯрӣ гузаронад.

Сафари Путин ба Тоҷикистон то 10-уми октябр идома мекунад, вале ба ҷуз барномаи умумии сафару дидору гуфтугӯҳо, ҷузъиёте дар бораи мавзӯи мушаххаси суҳбату созишномаҳои эҳтимолӣ дода намешавад.

Танҳо субҳи 8-уми октябр мақомоти Кремлин дар шарҳи нақшаи кори раҳбари Русия дар Тоҷикистон гуфтанд, то 15 санади ҳамкорӣ имзо мешавад ва "қарор аст дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инсондӯстона баҳс ва табодули назар сурат бигирад".

Қарор аст Владимир Путин дар нишасти “Осиёи Марказӣ+Русия” ва ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ ширкат кунад.

Барои сафари Путин ва дигар роҳбарони ИДМ дар Душанбе чораҳои амнияти сахте ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла бозор, калонтарин марказҳои савдо, роҳҳои марказӣ ва масҷидҳои калон баста шуда, вуруд ба пойтахт маҳдуд шудааст.