Таркиш дар Кобул ва даргирии навбатӣ дар марзи Афғонистону Покистон

Расонаҳо аз дубора сар задани даргирӣ дар марзи Афғонистону Покистон хабар медиҳанд. Бино ба гузоришҳо 15-уми октябр чанд таркиш пойтахти Афғонистонро таккон дод.

Дар пайи ҳамлаҳои навбатӣ ва даргирӣ дар марз даҳҳо ҷангҷӯйи Толибон кушта шудаанд. Мақомоти Толибон дар ин ҳамлаҳо ҷониби Покистонро айбдор мекунанд.

Ҳамлаҳои ахир дар ҳоле сурат гирифтааст, ки чанде пеш аз ин ду ҷониб аз эълони оташбас хабар дода буданд. Вазорати хориҷаи Покистон гуфта буд, оташбас ду рӯз идома хоҳад кард. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон гуфт, нерӯҳои Покистонӣ дар вилояти Қандаҳор дубора ба хоки Афғонистон ҳамла карданд, ки дар натиҷа даҳҳо афғон кушта ва захмӣ шуданд. Вай рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе дар саҳифаи X навишт, ки дар ҳамлаҳои нерӯҳои покистонӣ ба ноҳияи Спин Болдак беш аз 12 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи Муҷоҳид, дар вокуниши нерӯҳои афғон теъдоди зиёде аз сарбозони покистонӣ кушта шуда, теъдоде аз посгоҳҳо ва иншооти онҳо тахриб ва силоҳу тонкҳояшон ба дасти нерӯҳои афғон афтодааст.

Таниш миёни Покистон ва Афғонистон пас аз он боло гирифт, ки нерӯҳои Покистонӣ рузи 9- уми октября бо ҳадафи нобуд кардани аъзои баландпояи толибони Покистон ба Кобул ҳамлаи ҳавои анҷом доданд.

Ҳукумати Покистон гуфт, мақомоти Толибон ба аъзои Таҳрики Толибони Покистон (TTP) паноҳ додаанд. Толибон ин иттиҳомро рад карда гуфтаанд аз TTP дар дохили Афғонистон ҳимоят намекунанд.