Садамаи муҳоҷирон дар Амур. Як нафар ҳалок шуда, 14 кас осеб дидаанд

Кумитаи тафтишотии вилояти Амур дар пайи як тасодуфи нақлиётӣ дар ноҳияи Свободненский бо иштироки  муҳоҷирон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Субҳи баравақти 16-уми октябр дар наздикии деҳаи Уст-Пера як автобуси ҳомили 48 коргар ба мошини сабукрав бархӯрдааст. Дар натиҷа 1 нафар ҳалок ва 14 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Хабаргузории ТАСС ба нақл аз дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Амур навиштааст, мусофирони автобус, коргарон аз Туркия, Тоҷикистон ва Узбекистон будаанд. Ҳамаи онҳо дар ширкати туркии Yamata кор мекардаанд.

Сонеҳа баъди он ба вуқуъ пайвастааст, ки автобус ба самти муқобили ҳаракат мебарояд. Пас аз бархурд ба мошини сабукрав автобус аз роҳ берун ва чаппа шудааст. Сабабҳои сар задани садамаи нақлиётӣ ва омилони он таҳқиқ мешаванд. Додситонии вилоят ин қазияро зери назорат гирифтааст.

Валентина Бескодарова, ёвари калони прокурори вилояти Амур гуфтааст: "Прокуратураи шаҳрӣ санҷишро оғоз кардааст, ки дар натиҷаи он иҷрои қонунҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва риояи ҳифзи меҳнат баҳогузорӣ карда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани қонуншиканӣ аз ҷониби додситонӣ чораандешӣ мешаванд".

Феълан яке аз маҷрӯҳони тасодуфи роҳ дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳё қарор дорад. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия дар бораи тафтиши ҳолатҳои садама гузориш талаб кардааст. Тасодуфҳои нақлиётӣ ё ҳама гуна ҳодисаҳои дигар бо ширкати муҳоҷирон ҳамеша вокуниши ин кумита ва раҳбари онро ба миён меоранд.