Арабистони Саудӣ барои зоирон қоидаи нав ҷорӣ кард

Арабистони Саудӣ барои қабули зоирон қоидаи навро ҷорӣ кард. Аз ин ба баъд барои гирифтани виза ё раводид кас бояд аз ташхиси тиббӣ гузарад.

Санади тандурустӣ тавассути пойгоҳи "Nusuk" таҳия карда мешавад. Шарти нав барои сафар ба ҳаҷро Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ эълон кард.

Рӯйхати бемориҳое, ки монеи сафари одамон ба ҳаҷ мешавад, дароз аст. Бар асоси ин феҳраст, афроде, ки ба шаклҳои вазнини бемории гурда, бемории қалб, бемориҳои музмини шуш гирифторанд ё аз бемориҳои асаб азият мекашанд, наметавонанд ҳаҷ кунанд.

Гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ва саратону ҳомиладорӣ дар моҳҳои ахир ҳам ба кас имкон намедиҳад, ки сафари ҳаҷ кунад.

Ба таъкиди мақомоти Арабистони Саудӣ, маҳдудиятҳои нав барои ҳифзи бехатарӣ ва сиҳатии зоирон гирифта шудааст.

Бо назардошти фавти зоирони зиёд дар солҳои пеш, Арабистони Саудӣ имсол тадобири амниятиро сахттар кардааст, то аз маргумири зиёд дар маъракаи ҳаҷ пешгирӣ шавад.

Соли 2024 ба сабаби гармои сахт ва ҳарорати 51 дараҷаӣ, бештар аз 1300 зоир дар Арабистони Саудӣ ҷон доданд.

Ҳар сол беш аз шаш ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ мераванд.