Вазири нақлиёт тамбашавии роҳҳоро яке аз мушкилиҳои асосии соҳа номид

Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон роҳбандӣ ё тамбашавӣ дар ҷодаҳо, ба вижа дар пойтахтро яке аз мушкилиҳои асосии ин соҳа номидааст. Моҳҳои ахир сокинони зиёде дар Душанбе аз тамбашавии роҳҳо шикоят мекунанд.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт 17-уми октябр дар ҷаласаи ҷамъбастии ин ниҳод аз ин вазъ нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, тамбашавӣ сабаби дер мондани одамон ба кор, асабонияти ронандагону мусофирон ва садамаҳо шуда, ба кори хадамоти фаврӣ мисли "Ёрии таъҷилӣ", халал ворид мекунад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон сабабҳои асосии тамбашавии мошинҳоро ба афзоиши аҳолӣ ва шумори воситаҳои нақлиёт, рабт додааст.

Азим Иброҳим ба зердастонаш дастур додааст, ки "оид ба тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати коҳиш додани тамбашавӣ пешниҳодҳо манзур намоед". Маълум нест, ки мақомот барои кам кардани тамбашавӣ дар роҳҳо чӣ кор карда метавонанд.

Дар зимн, ин мушкилро муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Салимзода ҳам ба таҳлил кашида, гуфтааст, ки аз соли 2021 то 2024 шумори мошинҳои шахсӣ дар шаҳр қариб 66 дарсад зиёд шудааст. Вай дар матлабе дар нашрияи "Паёми Душанбе" навиштааст, теъдоди мошинҳо дар пойтахт қариб ба 145 ҳазор расидааст.

17 октябри 2024, шаҳри Душанбе

Ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик, сабаби аслии тамбашавӣ, ворид шудани шумораи зиёди мошинҳо аз берун ба пойтахт аст. Ба гуфтаи Раҳмиддин Салимзода, дар як шабонарӯз аз шаҳру ноҳияҳои дигар беш аз 44 ҳазор мошин вориди Душанбе мешаванд.

Зиёд шудани шумораи таксиҳо дар пойтахро ҳам муовини раиси шаҳри Душанбе яке аз сабабҳои дигари эҷоди тамбашавӣ дар роҳҳо номидааст. Ҳоло ба навиштаи ин мақомдор, теъдоди таксиҳо дар пойтахт ба 12 ҳазор адад расидааст.

Ба пешниҳоди Муовини раиси шаҳр, бунёди пулҳои болои роҳ ва ҷудо кардани хатти нақлиёти мусофирбар мисли кишварҳои дигар, метавонад вазъро беҳтар кунад.

Мардум дар пойтахт мегӯянд, тамбашавӣ ягона мушкили онҳо дар роҳҳо нест. Камбуди нақлиёти калони мусофирбар дар ҷодаҳои шаҳр ва беназм будани кори онҳову нархи роҳкироро сокинон аз мушкилиҳои асосии дигар дар роҳҳо меноманд.