Фавти як зани бордор аз роҳбандӣ ҳангоми сафари Бердимуҳаммедов

Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Роҳбандӣ ва манъи ҳаракати мошинҳо ҳангоми сафари президенти Туркманистон ба вилояти Лебап ё Лаби об, сабаби марги як зани ҳомиладор шудааст.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар пулис ва хадамоти тандурустӣ навишт, зан натавонистааст сари вақт ба беморхона бирасад ва дар роҳ рӯйи дастони шавҳараш ҷон додааст.

Бино ба гуфтаи як корманди тиббӣ, "ба далели он, ки мошини "Ёрии таъҷилӣ" наомад, шавҳари зан ӯро бо мошини худаш ба беморхона бурдан мехост, аммо дар роҳ банд монд".

15-уми октябр Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар маросими гузоштани хишти таҳдоби маҷмааи корхонаи кимиёвӣ ширкат кард. Ба ин муносибат дар шаҳр роҳҳо баста шуданд ва ба гуфтаи бархе аз сокинон, ҳатто ба мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳам иҷозаи ҳаракат намедоданд.

Мақомоти вилояти Лебап ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Маъмулан ҳангоми сафари мансабдорони Туркманистон ба ноҳияҳо чораҳои сахти амниятӣ рӯи даст гирифта мешавад ва роҳҳоро мебанданд. Сокинон пайваста шикоят мекунанд, ин вазъ ба кору зиндагии онҳо мушкил эҷод мекунад.