Поёни размоиши нерӯҳои СПАД дар Фахробод

Машқи нерӯҳои СПАД дар Фахробод.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз анҷоми машқҳои муштараки нерӯҳои СПАД дар тамрингоҳи Фахробод хабар дод. Ин размоиш аз 14 то 24 октябр бо номи "Бародарии шикастнопазир 2025" бо ҳузури 1500 низомӣ аз Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор шудааст.

Хабаргузории давлатии "Ховар" бо такя ба маркази мабуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон навишт, ки дар размоиши нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, амалиёти зиддитеррористӣ, озодсозии гаравгонҳо ва ҳадаф қарор додани террористҳои шартӣ, тамрин шуд.

Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар ин размоиш зиёда аз 200 техникаи ҷангӣ, мошинҳои махсуси низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин, истифода шуданд.

"Ховар" менависад, ки дар маросими ҷамъбастии ин размоиш раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Вазири мудофиа Эмомалӣ Собирзода, раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва сардори Ситоди муштараки СПАД Андрей Сердюков иштирок ва суханронӣ кардаанд.

СПАД ҳадаф аз баргузории размоиш дар Фахрободро таъмини амнияти минтақа ва муқобилаи муштарак бо чолишҳо ва таҳдидҳои муштараки феълӣ дар Осиёи Миёна гуфтааст.

Ба гуфтаи Андрей Сердюков, Сардори ситоди муштараки СПАД, сарони кишварҳои ин созмон барои рушди неру ва тавонмандии низоми амнияти дастҷамъӣ дар мубориза бо таҳдидҳои замони ҳозира ҳама чораҳои заруриро меандешанд.

СПАД як созмони ҳарбии минтақаии зери нуфузи Русия аст, ки соли 1992 бо иштироки ҷумҳуриҳои пешини шӯравӣ таъсис шуд, вале дар солҳои баъдӣ аз узвияти он чандин кишвар, аз ҷумла Узбекистону Гурҷистон берун шуданд.