Пораи азиме аз як пиряхи бузург дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ канда шуда, аз тариқи дара ба поён лағжидааст. Ин қаторкӯҳ дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса нимарӯзи 25-уми октябр рух додааст ва ин анбори азими ях соати 11 ҳаракат карда, соатҳои 14 нисбатан ором гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, дарозии пиряхи ҷудошуда ҳудуди 2 километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр мебошад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ аз ҳаракати ин пирях нашр шудааст ва муаллифон баландии онро гоҳо то 50 метр, барашро 200-300 метр ва дарозии онро тахминан 7,5 километр гуфтаанд.
Ба иттилои мақомоти тоҷик ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар дар пай надоштааст. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, бар асари бориши боронҳои сахт ва такроран кандани пирях аз баданаи пиряхи бузург, он метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях вуҷуд дорад. Тоҷикистони кӯҳистонӣ бо пиряхҳои хурду бузургаш манбаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале дар 30 соли ахир ба сабаби гармоиши курраи Замин бештар аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо масъалаи обшавии пиряхҳоро дар ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ матраҳ карданд, аммо то ҳол тадбире муассир барои пешгирӣ аз обшавии кӯҳҳои бузурги ях дар назар гирифта нашудааст.