15 медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн

Дар Бозиҳои III осиёии наврасон, ки дар Баҳрайн ҷараён доранд, варзишгарони тоҷик то ҳоло 15 медал (2 тило, 1 нуқра ва 12 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чор намуд медал гирифтааст, аз он ҷумла дар ММА (Mixed Martial Arts) – ҳунарҳои размии омехта - 2 нишони тило ва 7 биринҷӣ, таеквондо WT - 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, бокс - 3 медали биринҷӣ ва гуштии кураш - 1 нишони биринҷӣ.

Варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн бо медалҳо мукофотонида шуданд:

ММА (Mixed Martial Arts)

Писарон

Тило: Файзиддин Халилов – то 55 кг; Умарҷони Умед – то 70 кг.

Биринҷӣ: Умар Шарифов – то 50 кг; Муҳаммад Саидзода – то 60 кг;

Осими Бекмуродзода – то 60 кг; Абубакр Баҳромов – то 75 кг; Мусо Иброҳимзода – то 80 кг;

Духтарон

Биринҷӣ: Меҳрона Қаландарбекова – то 55 кг; Марҳабо Бобоева – то 60 кг.

Таеквондо WT

Писарон

Нуқра: Ҷонибек Неъматов – то 73 кг.

Биринҷӣ: Абдуҷаъфари Баҳодур – то 55 кг.

Бокс

Писарон

Биринҷӣ: Дамир Назаров – то 46 кг; Абубакр Азизов – то 60 кг.

Духтарон

Биринҷӣ: Фурӯғ Сарҳадзода – то 60 кг.

Кураш

Писарон

Биринҷӣ: Абубакр Тураев - то 65 кг.

Дар ҳамин ҳол дар дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн дар ҳисоби медалҳо Чин бо 101 медал (48 тило, 35 нуқра ва 18 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст.

Узбекистон бо 41 медал (19 тило, 5 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм, Тайланд бо 34 медал (13 тило, 13 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм, Қазоқистон бо 50 медал (12 тило, 15 нуқра ва 23 биринҷӣ) дар ҷойи чорум ва Эрон бо 44 медал (12 тило, 11 нуқра ва 21 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум қарор доранд.

Дар умум то ҳоло варзишгарони 36 кишвар медал гирифтаанд, аз он ҷумла намояндагони 26 кишвар барандагони нишони тило гардидаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Узбекистону Қазоқистон, Тоҷикистон бо 15 медал (2 тило, 1 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи 18-ум, Қирғизистон бо 10 медал (4 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар ҷойи 27-ум, Афғонистон бо 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 30-юм, Туркманистон бо як медали биринҷӣ дар ҷойи 33-юм мебошанд.

Дар Бозиҳои III осиёии наврасон дар Баҳрайн беш аз чор ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора барои 259 маҷмуи медалҳо дар 26 намуди варзиш то рӯзи 31-уми октябр рақобат менамоянд.

Дар ин Бозиҳо ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 65 варзишгар дохиланд, ки дар 12 намуд: бадминтон, бокс, варзиши сабук, варзиши электронӣ, гуштии озод ва юнону румӣ, кураш, муай-тай, ММА (ҳунарҳои размии омехта), таеквондо WT, ҷудо, ҷиу-ҷитсу, шиноварӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, нахустин Бозиҳои осиёии наврасон, ки соли 2009-ум дар Сингапур баргузор шуданд, бо ширкати беш аз 1300 варзишгари синнашон аз 14 то 17-сола аз 45 кишвари қора дар 9 ришта – тенниси рӯи миз, варзиши сабук, баскетбол, волейбол, футбол, боулинг, шиноварӣ, тирандозӣ ва навъҳои варзиши обӣ - тӯли 9 рӯз идома карданд.

Дар ин Бозиҳо танҳо ду варзишгари тоҷик – даванда Даврон Атобоев ва шиновар Ҳакими Муҳаммад - ширкат дштанд. Натиҷаи Атобоев хубтар буд. Вай дар давидан ба масофаи 100 метр ҷойи чорумро касб кард.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II осиёии наврасон соли 2013-ум дар шаҳри Нанҷинги Чин бо иштироки беш аз дуним ҳазор варзишгари наврас аз 45 кишвари қора дар 17 риштаи варзиш сурат гирифт, ки намояндагони 29 кишвар соҳиби медалҳо гардиданд.

Дар ин бозиҳо варзишгарони тоҷик дар чор намуд – ҷудо, вазнабардорӣ, шиноварӣ ва варзиши сабук - рақобат карданд. Аз байни 9 варзишгари тоҷик ду нафар медал ба даст оварданд. Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62 метру 44 сантиметр медали нуқра ва Фаррухи Салим дар гуштии ҷудо дар вазни то 81 килограмм нишони биринҷӣ гирифтанд.