ФСБ аз бонкҳо хост, ки маълумоти муштариёнро ба ин созмон бидиҳад

Хадамоти амнияти федеролии Русия ё ФСБ аз бонкҳои Русия хостааст, мукотиба бо муштариён ва маълумоти бонкии онҳоро барои ниҳодҳои қудратӣ ҳифз кунад.

Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба хабаргузории РБК навиштааст, ки ташкилоти қарзӣ бояд то соли 2027 низом ё системаи тафтишотӣ – фаврӣ ва дастгоҳҳои махсусе ро насб кунанд, ки ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ имкон медиҳад, ба таври фосилавӣ дар бораи муштарии бонк маълумот дастрас кунад.

Тибқи қонун чунин барномаҳоро бояд онҳое насб, кунанд, ки масъулияти паҳн кардани иттилоъро доранд. Хадамоти амнияти Федеролӣ бар ин аст, ки бонкҳо чунин мақомро доранд, чун дар сомона ва замимаҳои мобилии онҳо корбарон имкон доранд, байни ҳам мукотиба кунанд.

Дар феҳрасти паҳнкунандагони маълумот аз соли 2019 хадамоти “Сбербанк Онлайн” шомил шудааст. Дар бонкҳои калони Русия ин талаби ФСБ-ро шарҳ надодаанд.