Сандат Парнабек, ҷавони 26-солаи зодаи Қазоқистон, соли гузашта бо ҳадафи пайдо кардани пул барои ҷашни арӯсиаш ба Русия рафт. Аммо моҳи майи имсол, номи ӯ дар феҳрасти хориҷиёне пайдо шуд, ки дар ҷанги қариб чаҳорсолаи Русия дар Украина кушта шудаанд. Номи ӯро сомонаи “Зистан мехоҳам”, як тарҳи давлатии Украина нашр кард, ки исми сарбозони хориҷии артиши Русияро ҷустуҷӯ ва ошкор мекунад.
Баюрҷон, падари ин ҷавон ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки писараш давоми панҷ-шаш моҳи муҳоҷират ҳамеша ба модараш занг мезад. Ба гуфтаи падар, дар охирин суҳбаташ Сандат гуфтааст, ки 10 рӯз барои кор ба як ҷангал меравад ва онҷо иртиботи телефонӣ бад аст ва нигарон нашаванд. Ин охирин паёме аз Сандат будааст ва дигар волидон ҳеч паёме аз ӯ нагирифтаанд.
Волидони Сандат барои пайдо кардани писар ба Сафорати Қазоқистон дар Маскав муроҷиат кардаанд, аммо посухе нагирифтаанд. Падару модар мегӯянд, ки ба писарашон кори сердаромад дар Русия пешниҳод шуда буд, вале намедонад, ки ӯро чӣ гуна ба ҷанг дар Украина бурдаанд.
Пас аз шунидани исми Сандат дар феҳрасти ҳалокушдагон наздиконаш ғоибона барои ӯ маросими ҷаноза баргузор карданд, вале аз ҷустуҷӯяш даст накашидаанд. "Мо барои ӯ дуо кардем, ҷанозаашро баргузор кардем. Аммо то даме ки ӯро бо чашмони худ набинам ва худ ба хок насупорам, ҷустуҷӯро бас намекунам,"—гуфт падари Сандат.
Феҳрасте, ки дароз мешавад
Исми Сандат дар тарҳи «Зистан мехоҳам» дар миёни садҳо номи дигаре аз зодагони Осиёи Марказӣ зикр шудааст, ки аз соли 2022 то кунун дар Украина кушта ё нопадид шудаанд.
Ин феҳраст зуд-зуд такмил мешавад ва дар охирин маврид дар он исми беш аз 400 тоҷик, наздики 300 қазоқистонӣ, беш аз 100 узбек ва даҳҳо туркману қирғиз нашр шудааст. Сомонаи “зистан мехоҳам” исми беш аз се ҳазор зодаи Осиёи Марказиро нашр кардааст, ки кушта ё нопадид шуданашон расман тасдиқ шудааст. Муаллифони тарҳ тахмин мекунанд, ки шояд теъдоди зодагони Осиёи Марказӣ, ки дар ҷанги зидди Украина ширкат доранд, бештар аз ин бошад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро кӣ ба ҷанги Украина мебарад?
Масъулони тарҳи «Зистан мехоҳам» гуфтанд, ки дар бораи кушташудаҳо бештар аз майдони ҷанг, зиндонҳо ва онҳое, ки наздиконашонро меҷӯянд, маълумот мегиранд. Радиои Озодӣ мустақилона дурустии ҳамаи ному оморе, ки ин тарҳ нашр мекунад, наметавонад тасдиқ кунад.
Виталий Матвиенко, як масъули сомонаи тарҳи “Зистан мехоҳам” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳар моҳ беш аз 50 дархост танҳо аз Қазоқистон мегирем, ки хонаводаҳо наздикони гумшудаи худро дар Украина меҷӯянд"
Ӯ гуфт, рӯйхат бо пайдо шудани маълумоти нав такмил мешаванд, вале тахмин меравад, ки шумораи кушташудаҳо зиёдтар аз номҳои нашршуда дар ин феҳраст аст. Коршиносон мегӯянд, ки фақр ва набуди ҷойҳои корӣ дар Осиёи Марказӣ ва таблиғоти сахти Русия аз сабабҳои аслии пайвастани зодагони ин минтақа ба ҷанг дар Украина ҳаст.
Эрмек Сейтбатталов, таҳлилгари низомии Қазоқистон, мегӯяд, баъзе одамон таҳти таъсири таблиғоти Русия қарор мегиранд. "Онҳо телевизиони Русияро тамошо мекунанд ва бовар доранд, ки барои расидан ба кадом натиҷаи хубе меҷанганд. Дигаронро танҳо бо ваъдаи маоши баланд ё шаҳрвандии Русия фиреб медиҳанд,"—гуфт коршинос.
Ба гуфтаи коршинос, камбуди ҷойи корӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, кори таблиғгарони русро осон мекунад ва онҳо муҳоҷирони хаставу ноумедро пайдо карда, ба дом меафтонанд.
Ваъдаи кори сердаромад, дом барои муҳоҷирон?
Эрмек Сейтбатталов мегӯяд, ҳоло саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия пур аз эълони кор бо маоши баланд дар Сибир, Иркутск ва Шарқи Дур аст, вале пушти аксари онҳо таблиғгарони рус қарор доранд, ки муҳоҷиронро ба ҷанги Украина мебаранд.
Акбар Қурбонов, як муҳоҷири 23-солаи узбек, дар як навори ба Радиои Озодӣ дастрасшуда нақл мекунад, ки ӯ барои кори ронандагӣ бо маоши баланд дар вилояти Ростови лаби Дони Русия шартнома имзо карда буд, вале баъдтар фаҳмид, ки ин шартномаи ниҳоӣ барои пайвастан ба артиши Русия будааст ва ӯро ба вилояти Луҳански Украина фиристодаанд.
Дар навор Қурбонов аз мақомоти Узбекистон илтиҷо мекунад, ки барои баргардонидани ӯ ба ватан ёрӣ расонанд. Радиои Озодӣ мустақилона дурустии иддаои ӯро тасдиқ карда наметавонад.
Чунин шеваи ҷалб ягон роҳи бурдани зодагони Осиёи Марказӣ ба ҷанг дар Украина нест. Аз ин пеш, мақомоти рус садҳо нафар зодагони Осиёи Марказиро аз зиндонҳо, боздоштгоҳҳои муҳоҷирон дар саросари Русия ба сафи артиш ҷалб кардааст. Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо ба шаҳрвандони худ ҳушдор додаанд, ки ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ҷиноят маҳсуб мешавад.
Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буданд, ки то кунун ҳеч нафарро барои рафтан ба ҷанги Украина зиндон накардаанд, вале дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ боздошту зиндонӣ кардани онҳое, ки дар ин ҷанг ширкат карда буданд, расонаӣ шудааст.