Бино ба гузориши Нашрияи бритониёии “Financial Times” мулоқоти барномарезишудаи Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин дар Будапештро баъди он лағв кардаанд, ки Маскав санад “дар бораи талаботи сахти худ дар робита ба Украинаро” ба Вашингтон додааст.
Ба навиштаи ин нашрия, дар санади фиристодаи вазорати умури хориҷии Русия омадааст, ки бояд “сабабҳои решаӣ”-и муноқиша рафъ карда шавад. Талаби Маскав ин будааст, ки Украина бояд аз баҳри баъзе аз қаламравҳояш бигзарад, нерӯҳои мусаллаҳи хурдтаре дошта бошад ва ба НАТО напайвандад. Русия ҳамчунин талаб кардааст, ки назорати тамоми Донбасс ба он дода шавад.
Баъди фиристодани санад ба Амрико, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико ва Сергей Лавров телефонӣ гуфтугӯ кардаанд ва Рубио ба Трамп расондааст, ки Маскав омодагие ба музокирот нишон намедиҳад. Яке аз манбаъҳои Файненшл Таймс гуфтааст, ки раиси ҷумҳури Амрико аз мавзеъгирии Русия норозӣ шудааст.
Доналд Трамп рӯзи 22-юми октябр гуфт, ки мулоқот бо Владимир Путин дар Будапешт баргузор намешавад. Ӯ афзуд: “Ба назари ман кори дуруст намешуд. Ва мо ба ҷое намерасидем, ки бояд бирасем. Барои ҳамин лағв кардам, вале дар оянда ин корро мекунем.”
Владимир Путин дар вокуниш ба ин қарори Трамп гуфт, ки ӯ ғолибан дар бораи ба таъхир андохтани музокирот сӯҳбат кардааст. Ба қавли Путин: “Муколама ҳамеша назар ба кадом як муқобила, баҳс ва ё гузашта аз ҳама ҷанг беҳтар аст.”