Дар Сангвор як падарро барои носкашии писараш ҷарима карданд

Додгоҳи ноҳияи Сангвор як сокини ин ноҳияро бо гуноҳи “тарбияи нодуруст” ва носкашии писараш бештар аз 1000 сомонӣ ҷарима бастааст.

Дар баёнияи расмии додгоҳ, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, омадааст, ки сокини ноҳияи А.С.Ш бар хилофи қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» нисбат ба таълиму тарбияи фарзанди 17-солааш беэътиноӣ зоҳир кардааст ва “ӯ аз ин бемасъулиятӣ истифода бурда, ба истеъмоли маҳсулоти тамоку(нос) машғул шуда, онро бо худаш гирифта гаштааст.”

Додгоҳ нагуфтааст, ки ин ҳодиса кай рух додааст,. Бар асоси ин қонун падару модар дар Тоҷикистон уҳдадоранд, ки монеи тамокукашии фарзандони ноболиғашон шаванд ва нагузоранд, ки кӯдак ба муассисаи таълимӣ ҳаргуна маҳсулоти тамоку барад. Барои ҳамин додгоҳи Сангвор сокини ин ноҳияро бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дода ва ба ӯ амр додааст, ки ба фоидаи давлат 1125 сомонӣ ҷарима пардозад.

«Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар Тоҷикистон соли 2011 қабул шуд ва баҳси зиёдеро барангехт ва як нуктаи баҳсбарангези он иҷоза надодани ноболиғон ба рафтан ба масҷид буд. Қонуни мазкурро то кунун борҳо ислоҳ кардаанд.