Достони як ҷавони тоҷик, ки аз зиндони Русия ба ҷанги Украина бурда шуд

Исмоил Расулов, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон.

Як маҳбуси собиқи тоҷик, ки ба ҷанг дар Украина ҷалб шуда буд, аз Русия фирор кардааст.

Исмоил Расулов, шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон мегӯяд, моҳи июли соли 2024 зери фишор аз маҳбаси Челябински Русия ба ҷанги Украина фиристода шуд ва чор бор дар ин ҷанг захм бардоштааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки нахост маҳали феълии будубошашро ошкор кунем, гуфт, замоне аз Русия фирор кард, ки дар пайи захмҳои зиёд маъюб ва корношоям шуд, вале бо ин вуҷуд мақомоти рус ӯро ба ҷанг бурданӣ буданд.

Радиои Озодӣ ба санадҳои тиббие шинос шуд, ки корношоямии ӯро собит мекунанд ва ин ҷавон аксҳоеро ба мо нишон дод, ки аз шикам, гардан ва пою пушташ захмҳои сахт бардоштааст.

Мақомоти Русия ӯро моҳи октябри соли 2020 бо гумони фурӯши маводи мухаддир боздошт ва ба нӯҳ соли зиндон маҳкум кардаанд. Ӯ аз соли 2018 то замони боздошт дар Челябинск ронандаи таксӣ будааст. Худаш мегӯяд, пулис ӯро тӯҳмат кард ва гуноҳи дигаронро ба сараш зада буданд.

Пас аз ҳамлаи Русия ба хоки Украина ширкати зархаридони "Вагнер" ва баъдан Вазорати мудофиаи Русия садҳо маҳбусро бо ваъдаи раҳоӣ аз идомаи адои ҷазо ба ҷанги Украина ҷалб карданд. Исмоил Расулов низ аз ҷумлаи ин маҳбусон будааст.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки ду сол даъвати рафтан ба ҷангро рад карда буд, вале охири моҳи июли соли 2024 бо таҳдиде, ки агар ба ҷанг наравад, кушта мешавад, ба ҷанг сафарбар шуд. Исмоил нақл кард, ки ӯро бо 58 маҳбуси дигар, ки асосан шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон буданд, пас аз 21 рӯзи тамрини низомӣ ба вилояти Курск интиқол доданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қиссаи ҷавони тоҷик, ки аз зиндони Русия ба ҷанги Украина сафарбар шуд

Он вақт, артиши Украина дар посух ба таҷовузи Русия 6-уми августи соли 2024 вориди вилояти Курски Русия шуда, ҳудуди ҳазор метри мураббаъро зери назорат гирифта буд. Русия дар Курск аз нерӯи маҳбусоне мисли Исмоил Расулов ва сарбозони Кореяи Шимолӣ истифода карда, моҳи марти соли 2025 артиши Украинаро маҷбур ба ақибнишинӣ намуд.

Исмоил Расулов нақл кард, ки дар деҳаи Даринои Курск се бор захмӣ шуд, вале пас аз табобатҳои кутоҳ ҳар бор ӯро дубора ба ҷанг мефиристоданд.

"7-уми апрели соли 2015 дар деҳаи Демидовкои шаҳри Белгород сахт захмӣ шудам, ки дигар ҳаракат карда наметавонистам. Маро ба беморхонаи Бурденко ба шаҳри Маскав интиқол доданд ва ҳудуди якуним моҳ дар шӯъбаи эҳё табобат гирифтам. Ман дигар маъюб шуда будам. Дар аввали моҳи августи соли равон пас аз ба анҷом расидани муҳлати шартномаи яксола дубора маро барои тамдиди он даъват карданд, вале ман напазируфтам ва ба Тоҷикистон баргаштам",-нақл кард ӯ.

Ин ҷавони тоҷик нақл кард, ки пас аз сарпечиаш аз даъвати дигарбора ба ҷанг мақомоти рус ҳамсарашро дар Тотористон азият доданд, то ӯ маҷбур шавад, ба Русия баргардад. Ӯ мегӯяд, Артём Зирянов, муовини фармондеҳи воҳиди низомии 104 тариқи "Вотсап" ба ӯ тамос гирифта, хоҳиш кард, то дубора ба Русия баргардад.

"Вақте ман рад кардам, ӯ гуфт, ки туро дар ҷустҷӯ қарор додем ва боздошт мешавӣ. Дигар ман Тоҷикистонро ҳам барои худ амн надонистам ва аз онҷо берун шудам"-гуфт ӯ.

Исмоил Расулов мегӯяд, намедонад сарнавишташ чӣ мешавад, вале ба ҳеч шарте дигар ба Русия нахоҳад баргашт.

Русия аз оғози ҳамла ба Украина дар соли 2022 садҳо маҳбуси тоҷикро ба ин ҷанг ҷалб кард. Радиои Озодӣ дар бораи беш аз сад нафар аз маҳбусон хабару гузориш нашр кард, ки дар ҷанги Украина кушта шуда буданд.

Исмоил Расулов, ки борҳо шоҳиди ҷалби маҳбусон ба артиш шудааст, мегӯяд, солҳои аввал бо ваъдаи раҳоӣ аз маҳбас пас аз як соли ҷанг ва маблағ зиндониёнро ба ҷанг мебурданд, вале пас аз соли 2023 дигар касе ихтиёрӣ намонда буд ва мақомоти рус муҳоҷирони маҳбусро маҷбур ба ҷанг ҷалб мекарданд.

Тарҳи "Зистан мехоҳам" дар Украина аз аввали имсол чанд бор номи сарбозону афсарони Русияро нашр кард, ки дар ҷанги зидди Украина кушта шудаанд. Дар чанд моҳи охир дар ин тарҳ исми наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун "зархарид" зикр шудаааст, ки баъзе аз онҳо дар Украина кушта шудаанд.

Муаллифони тарҳ мегӯянд, ки маълумотро ба воситаи "одамони худ" дар артиши Русия дастрас кардаанд. Радиои Озодӣ исми чанд нафарро дар феҳрастҳои гузашта тафтиш ва дақиқ карда буд, ки бархеи онҳо дар ҳақиқат кушта шудаанд.

Қонунгузории Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандонро дар ҷангҳои берунӣ манъ мекунад, вале мақомоти ҷумҳурӣ мегӯянд, то ин дам нисбат ба касе барои иштирок дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноӣ боз накардаанд.